Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ФАСЛИ БАҲОР БУД

Аз қиссаҳои дафтари мағшуши хотирот,
Як шамма аз гузаштаи худ ёд мекунам,
То бишнавӣ ҳақиқати ин дасти сўхта,
К-аз меҳри бериёи дил эҷод мекунам.
Фасли баҳор буд.

Он дам, ки буд абр зи доман гуҳарфишон,
Бар гўш растухези гулу сабза мерасид,
К-он дам дарида гўшаи домони абрро,
Тиру камон зи чашмаи хуршед медамид.
Фасли баҳор буд.

Ҳиҷрон кашида булбули шайдо ба ёди гул
Ғарқи суруду шевану масти висол буд.
Пар шуста дар шуои зарандуди субҳдам,
Зеби нигоҳ ҷилваи мурғи ҳилол буд.
Фасли баҳор буд.

К-он дам қатори турна ба паҳнои осмон,
Чун корвони умр ҳамебуд дар гузар,
Он дам, ки рўи мазраи деҳқон кабўтарон
Буданд баҳри чидани дон дар пайи ҳашар.
Фасли баҳор буд.

Лабханди наварўси чаман гоҳи шарму ноз
Шўру ҷунуни нағмаи мурғон ҳамефузуд,
Аз барги гул макидани занбўр шаҳди ноб,
Оҳиста ғунча аз нафаси бод мекушуд.
Фасли баҳор буд.

Он дам, ки офтоби саҳар теғ мекашид,
Шабнам зи чашми наргису себарга мечакид,
Он дам, ки оби чашма чу симоб беқарор,
Аз қалби кўҳ ҷониби саҳро ҳамедавид.
Фасли баҳор буд.
Аммо ба ман чӣ суд?

пешина
аз 163
навбатӣ