Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя

ПИР, МУРАББӢ ВА МУАЛЛИМ

Аз соли 1947 то 1951 замони таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 1-и Ғарм аз зиёиёни вилоят танҳо устод Боқӣ Раҳимзода маълум ва машҳур буданд. Аз хислатҳои хуби инсонӣ, зарофат ва меҳрубонии муаллим нақлу ривоятҳои ширин мекарданд. Шояд ҳамин фазилатҳои устод буданд, ки ду-се нафар аз талабагони мактаб ба шеъру шоирӣ майлу рағбат пайдо кардем. Се-чор шеъри шогирдонаи худро бо маслиҳат ва таҳрири муаллими забон ва адабиёт Маҳдӣ Сангинов, ки бо тахаллуси Маонӣ шеър мегуфт, дар рўзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» чоп карданд.
Ҳамин шеърҳоро ба Иттифоқи нависандагон ба номи устод Боқӣ Раҳимзода фиристодем. 27-уми апрели соли 1951 номаи устод бо маслиҳат ва машвараташон ба номи ман омад, ки поёнаш ин аст: «Агар дар оянда кўшиш кунед, шеърҳои нағз менависед, дар шумо қобилияти шеърнависӣ дида мешавад».
Ин нома нахустин паёми раҳнамо барои ман буд.
Баъди хатми мактаб соли 1951 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам. Дар донишгоҳ баъд аз омўхтани адабиёти классикӣ ва ҷаҳонӣ, адабиёти рус, назарияи адабиёт, илми арўз ва қофия, забони форсии теҳронӣ, таърихи забони форсии бостонӣ, матни «Гулистон»-и Саъдӣ ва забони арабӣ танҳо соли 1956 ба назди устод Боқӣ Раҳимзода омадам.
Басир Расо, ки нисбат ба ман ҳушёртар буд, раҳбар шуд ва маро пеши устод Боқӣ Раҳимзода бурд.
Бинои Иттифоқи нависандаҳо дар паҳлўи идораи кунунии Ҳукумати шаҳри Душанбе воқеъ буд, рў ба рўи китобхонаи Фирдавсӣ, ки ҳар рўзи Худо мо матнҳои қадимиро аз он ҷо меомўхтем.
Боқӣ Раҳимзода моро хуш пазируфтанд. Чор шеъри ба истилоҳ навро ба дасташон додам. Як бор дар дилашон хонданд ва номамро дар поёни шеърҳо диданд, чашмони пур аз меҳрашон бузургтар шуданд ва бо тааҷҷуб пурсиданд, ки ту ҳамон Мўъминшоҳ нестӣ, ки ҳамроҳи Саидов Бузург аз Ғарм шеър мефиристодӣ? Басир Расо гуфт, муаллим, худи худаш.
Устод ба пеши мо чой гузошта бархостанд. Берун рафтанду баъд аз чанд фурсате омаданд. Маро ҳамроҳашон назди устод Мирзо Турсунзода бурданд. Устод Турсунзода нимхез шуда ба ман даст дода салом карданд. Мани ҳайратзада рост меистодам. Устод Боқӣ Раҳимзода шеърҳоро ба устод дароз карду гуфт: ҳамон шоири гурезие, ки мегуфтам, пайдо шуд.
Устод Турсунзода сар то поямро нигоҳ карду гуфт: қиёфааш шоирона аст, канӣ бинем, ки шеъраш чӣ гуна аст. Шеърҳоро

аз 163
навбатӣ