Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аспҳо боз ҳам чолоктар раҳ мепаймуданд. Оби Кофрун дар ин қитъаи маҷрояш гув-гув садо бароварда, зарби суми онҳоро пахш мекард; баъзан сангеро ба санг зада, дар дилашон воҳима меандохт. Ва ҳайвонҳои безабон... лаҷоми худро кашида, гоҳо ба дарёча менигаристанд, ки оби лояш гўё дақика ба дақиқа бештар мегардид; норозиёна бинӣ меафшонданд ва аз нав ба саворони худ итоат карда, қариб чорхез мегирифтанд.
Уқоби танҳое ки чанд лаҳза қабл аз ин дар фарози наздиктарин қулла пайдо шуда, болҳои бақувваташ росту беҳаракат, чарх зада-чарх зада, гоҳ поин мефуромад ва гоҳ ба як хестан то авҷи само расида, сангча барин хурд метофт, – ҳамон уқоб, ҳокими мағрури кўҳҳои сар ба фалак, ҳоло низ бепарво ва хотираш ҷамъ дар парвоз буд: оҳиста-оҳиста гоҳ боло мебаромад, гоҳи дигар гўё хоҳам-нахоҳам ба китфи қулла хам мехўрд.
Ба фарқи кўҳҳои аз вай дуртар абрҳо хирман зада, торафт ғафс, сиёҳ ва батаҳдид мешуданд. Бо вуҷуди он ки офтоб мунаввар буд, аз пеш бўи борон меомад.
Саворагон лаблаби дарёчаи Кофрун, рўди дар ин фасли сол пуртуғён... ҳаракати душвори худро идома медоданд.

5 Модаргург чашми рўз кафидан баробар аз ғор берун шуд.
Агар ин дафъа шикораш барор гирад, ё ҳеҷ набошад, ба чорпанҷ суғури гаранг вохўрад, пас барои се бачаи носерамаш вай ягон қути лоямут меорад. Дар акси ҳол сахт аст вазъияти онҳо, ниҳоят сахт! Чор рўз боз луқмае ба даҳон набурдаанд, аз гуруснагӣ нимҷон шудаанд...
Худи модагург ҳам вуҷуди зинда аст, нафс дорад, лекин ҳоло фақат ғами бачаҳояшро мехўрад, аз паи сер кардани шиками онҳо мегардад, дарду доғашонро набинам мегўяд.
Чунки вазифааш – ба ҳазор хавфу хатар рўбарў шавад ҳам, илоҷе ёфта, бачаҳояшро ба по мондан!
Бале, вай акнун онҳоро бояд танҳо калон кунад; хўронда-хўронда чунон тарбия кунад, ки ба мисли падари худ бақувват, нотарс ва тездандон шуда, ҳар чи зудтар ба воя расанд.

пешина
аз 551
навбатӣ