МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Анвар ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонд.
– Бале, ибратбахш, – гуфт Саид, ки дар тамоми раҳ ягон маротиба даҳон накушода буд. – Лекин ман ҳайронам.
– Аз чӣ ҳайронӣ? – пурсид Анвар.
– Аз он ҳайронам, ки барои чӣ фарзанди инсон хун мерезад. Оё мумкин нест одамон ба ҳамдигар мисли бародарону хоҳарони аёнӣ зиндагӣ кунанд?
– Онҳоро бештар дарди ҷоҳпарастӣ, ҳирси давлату сарват ба ҷанг меандозад, – гуфт Мурод. – То чашму дилашон ахир сер нашавад, то ман бою ту камбағал барин даъвоҳоро аз байн набардоранд, душманиву хунрезӣ давом кардан мегирад.
– Рост, – гуфт Анвар, як оҳ кашида. – Вагарна чаро босмачиҳо қариб даҳ сол боз ором намегиранд? Барои чӣ ангилисҳо аз он канори дунё истода, ба инҳо пуштибону ҳимоятгар мешаванд? Сарулибос медиҳанд, пул медиҳанд, тиру туфанг медиҳанд... Барои он ки ҳам инҳо ва ҳам онҳо дар ҳирси молу маноланд, аз паи зулму ғоратанд.
– Хобашонро ба об гўянд, – овоз баровард Санҷар, ки марди тахмин биступанҷсола буда, дар тан ҷомаи майдалаганда, аз ҳама охир асп меронд.
– Офарин! – гуфт Анвар ва боз хомўшӣ ба миён омад.
Онҳо як хамгаштро гузашта, ҳоло аз таки қаторшахҳои баланди гўё ба табар рост бурида ва устувор боло мерафтанд. Тақрибан баъд аз ним соат бояд ба деҳаи дигаре расанд, ки он дар мавзеи нисбатан васеътари мобайни дара воқеъ гардидааст.
...Аз босмачиҳо дар ин атроф нишоне набуд. Якта-нимта одамони раҳораҳ ба Анвару ёронаш вохўрда низ мегуфтанд, ки ҳама ҷо дар осоиш, аз бегонагон ё зоти ба душман монанд касеро надидаанд.
Дар воқеъ низ дара тимсоли оромӣ буд. Ва ин ҳолат Анварро бештар ба ташвиш меандохт; дилаш дар изтироб монда, ба саду як тахмин мерафт ў. Агар ба ин тарафҳо сар нахалондаанд, пас ҳоло дар куҷоанд онҳо? Муҳиммаш – ба одамони бегуноҳ, ба занону кўдакон зарар нарасонанд... Рафту ин дам ба ғорати ягон деҳа машғул бошанд, чӣ?
– Тезтар, рафиқон, тезтар ҳай кунед, – гуфт вай, ҳаяҷонашро пинҳон дошта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё