МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар пеш, дар фарози як кўҳи бузург, ки сари синааш ба дарахтони ҳамеша сабзи арча пўшида буд, уқоби танҳое пайдо шуда, болҳои бақувваташ росту беҳаракат, чарх зада-чарх зада, гоҳ поин мефуромад ва гоҳ ба як хестан то авҷи само рафта, сангча барин хурд мегардид. Ва боз ба тадриҷ хам мехўрд.
Ба димоғ бўи барф, бўи тези арча ва накҳати гулу гиёҳ мерасид.
– ...Ман ин қиссаро аз раҳматӣ бобоям шунида будам, – ҳикоят мекард Мурод, ба дўсташ рўй оварда. – Он кас дар бачагии ману бародарам қариб ҳар шаб ба мо ягон ривоят ё афсона мегуфтанд. Бародарам чандон не... лекин ман қиссаву афсонаҳои бобоямро то ҳол нағз дар хотир дорам. Мешавад, ки худам ҳам баъзан шабҳо ба писарчааму бачаҳои бародарам афсона мегўям. Онҳо шунида-шунида, чунон хурсандӣ мекунанд, ки мондан гир...
– Ҳеҷ гумон намебурдам, ки ту, як одами то ин андоза ҷиддӣ, ба кўдакон боз хуши афсона гуфтан дорӣ, – хандид Анвар.
– Ту ҳанўз бисёр сифатҳои маро намедонӣ, – низ дандон сафед кард Мурод ва: – Хайр, биё, ба сари мақсад расем.
Гап дар бораи кўҳи Чилчароғ буд, – гуфта, ҳикояташро давом дод: – Боре мо ҳамроҳи раҳматӣ бобоям дар суфаи рўи ҳавлӣ мехобидем. Шаби тобистон буд. Себҳои пухта аз шохҳояшон канда шуда, тарс-турс ба замин бармехўрданд. Осмон бисёр баланд ва ситоразор буд. Маҳтоб ҳоло набаромада бошад ҳам, Роҳи Каҳкашон ба гирду атроф равшанӣ меандохт. Аз дур, аз ҳар ҷо-ҳар ҷои ҳамин кўҳи бузург, оташак медурахшид. Ман он чароғ ё оташакҳоро пештар ҳам медидам. Аммо намедонистам, ки дар ин кўҳҳо низ одамон зиндагӣ мекунанд; мисли мо чароғ дармегиронанд, гулхан меафрўзанд... Хулоса, ба ҳамин ҷониб чашм дўхта, дар банди хаёл мондани маро дида, бобоям мулоим пурсид:
«Ҳа, барача, чӣ тамошо дорӣ?»
«Ана... чароғи бисёр, ё алав... Дар кўҳ...» – гуфтам ман, ба синаи лоғар ва шахшўли вай ҷафстар шуда.
Бобоям риши дарози чун барф сап-сафедашро ба ангуштон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё