МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– мегуфтанд. Ва боз меҷаҳиданд, медавиданд...
Умуман ин деҳа низ ором буд. Анвару ёронаш дар ин деҳа низ одамони дилпурро аз вазъият огоҳ карда, ба:
– Камтар истед, чой нўшед, баъд меравед, – гуфтани онҳо узр оварда, аз нав ба ҳаракат даромаданд.
Кофрун ҳамчунон аз самти дасти чап ҷорӣ буд. Саворон ба канори дарёча мерафтанд. Аз он сўи Кофрун, ки ба сангу харсангҳои сари роҳаш бархўрда, даршасту қаҳролуд пеш метохт, шахҳои азим яке аз паи дигаре ба ҳар ранг падидор мешуданд: ба ранги сиёҳ, хокистарӣ, бунафш, кабуд... Фарози онҳо аксар серарча буд. Аз тани мазбути баъзе кўҳпораҳои баланд ҷо-ҷо буттаҳои зарангу муша овезон ба назар мерасиданд.
Шахҳои дасти рост низ ба ҳар гуна метофтанд. Лекин онҳо дар муқоиса дуртар – дар паси талҳои аз гулу сабза чун қолин саросар хушрангу пуштаҳои қитъа-қитъа гандумаш акнун нешзада, – дар ҳар сурат дуртар саф кашида буданд.
Агарчи офтоб ҳоло ба миёни дара нур пошида, гардани саворонро аз қафо кам-кам гарм мекард ва абрҳо ҳам дар сатҳи осмон тадриҷан пароканда мешуданд, ҳаво сард буд.
Шояд аз шамоли оби Кофрун... ё шояд аз он ки Авару ёронаш рўболо… ба сўи қуллаҳои барфпўши кўҳи Чилчароғ мерафтанд. Аз ҳар чӣ бошад, ҳаво хунуктар мешуду гарм – не!
Воқиан, барои чӣ ин кўҳҳоро, ки қариб ҳама ба худ ном доранд, боз якҷоя карда, Чилчароғ мегўянд?
Анвар ба Мурод нигарист ва овоз бароварда, фикри ногаҳон ба сараш омадаро баён намуд. Мурод, ки баробари ў рикоб ба рикоб асп меронд:
– Намедонӣ? – гуфт ва хандид.
– Не-е, – ҷавоб гардонд Анвар ҷиддӣ.
– Аммо ман медонам, – гуфт Мурод хушҳол. – Агар рост бошад... – Вай хомўш монд ва боз каме асп ронда, хаёломез такрор кард: – Агар рост бошад...
– Аввал шунавем.
– Майлат... – қамчинро ба дасти дигар гирифт Мурод, ки ҳамчунон дар банди андеша буд.
Аспҳои кўҳгашта якзайл таноби роҳ мекашиданд. Наъли суми онҳо аҳён-аҳён ба қайроқсанге бархўрда, шарора мебаровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё