Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мумкин диҳам.
– Барор. Хасисӣ накарда барорӣ, худи пагоҳ пеши духтур меравам.
– Хуб, нахуст як манаҳ хорида бинам... пули аз рўзгор зиёдатӣ дорам, ё не.
– Ана ҳамин тавр! – ба рўи миз оҳиста мушт зад Миёнақад. – Осон не инсонгарӣ...
Кайфи ў бе гумон баланд мешуд. Суханаш баитоб садо дода, дар он асабоният ва як оҳанги норизоӣ аз одаму олам ниҳон буд. Ҳарчанд мекўшид, ки ин ҳисси ногувори худро ошкор насозад, кас аз вай ба осонӣ пай мебурд.
– Ҳамин тавр, – такрор намуд Миёнақад. – Боз ту мегўӣ, ки ба қабули духтур рав.
– Ба ҳар ҳол... илоҷашро ёфтан лозим.
– Ду моҳ қабл аз ин як рафиқи ман дар пеши назари табиб модарашро бой дод. Ба касофати сангдилии он ҳаромзода... Мепурсӣ, ки чӣ хел? Ҳоло ман ба ту мегўям.
– Оромтар гап зан.
– Не, дар ин бора ором гап зада намешавад. Хўш ки бошад, модари ҳамон одам аслан бемор буд. Дилаш иллат дошт.
Як шаб ногаҳон дардаш боло гирифта, кампир бетоқатӣ мекунад. Писар ба ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Дар телефон ба вай мегўянд, ки бензинашон нест, рафта наметавонанд. Писар ба чор тараф давида, оқибат аз кўча як мошин ёфта, ба пули калон киро мекунад. Ва модарро ба беморхона, ба ҳузури табиб мерасонад.
Табиб фақат набзи кампирро санҷида, рўирост ба писараш мегўяд:
«Аввал сад доллар медиҳӣ, пас модаратро мехобонем.
Муоина мекунем; аз паи табобаташ мешавем. Албатта... доруи бисёр лозим. Худи табобат ҳам пул мехоҳад. Хуб, дар ин хусус маслиҳатамон баъд. Ҳоло сад доллар барор».
«Ман аслан доллар надорам, – мегўяд писари кампир. – Лекин бе ин намешуда бошад, ба хотири сиҳатии модарам аз таки замин бошад ҳам, пайдо мекунам. Фақат пагоҳ...»
«Не-е, – мегўяд табиб. – Надошта бошӣ, тозон рафта, аз ягон ҷо ёфта биё».
«Ман дар ғояти шаб пеши кӣ меравам?» – ҳайрон мемонад писари кампир.

пешина
аз 551
навбатӣ