Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охир, ихтиёри он бача дар дасти ман не. Падару модар дорад... Аслан ин дилсиёҳӣ ба шумо чӣ лозим?!
– Хафа нашавед, ман одами бадқасд нестам, дилатонро сиёҳ кардан ҳам намехоҳам. Аммо азоби обро худатон аз ман нағзтар медонед…
– Хайр? – гуфт ба ситез Назар.
– Ором гап занед, – хандид Тўрон-трактарчӣ. – Шумоён, падару писар, ду оилаед, ду боғи калон доред... Ғайр аз ин пагоҳ, вақти боғобдиҳӣ аввал ман об мехўрам, баъд дигарҳо гуфта, таҷангӣ карда мешинед. Санги шумо мудом сад ман. Мардум ҳамин одататонро ки медонанд, дар чунин мавридҳо албатта ба ҳар хаёл мераванд. Имрўз баъзеҳо ба ман нигариста, қатъӣ гуфтанд, ки ба ҳамсояатон расонед, мо аз вай кам нестем, шох надоштагист... рафту дошта бошад, нишон диҳад.
– Даҳонашон тафсида, хайр... лақидагистанд. Ман як одами ногирон. Воҳид агар ҳамин ҷо мебуд, дар қатори шумоён меҷунбид. Набераам ҳоло хурд, аз дасташ кор намеояд.
– Нағз не, ҳамсоя. Усто Салим ҳам ногирон, лекин пои ман маъюб гуфта, дар хонааш нашишт. Алоқадри ҳол баробарамон кор кард. Қадаш як ваҷаб... наберааш чӣ? Бача, умраш дароз шавад, аз худи усто Салим зиёдтар каланд зад.
Вай аз набераи шумо ду синф поин мехонад.
– Истед, ки ба ман ин қадар ақл шуда, чӣ гуфтан мехоҳед? Мақсадатон чӣ? – теғ кашида, ба Тўрон-тракторчӣ нигарист Назар.
– Мақсадам – аз маъракаҳо худатонро дур нагиред, – гуфт ў дар ҷавоб ором. – Мардум айб мекунанд. Ба шумо дилам месўзад; охир, одам ба одам зинда...
– Ба ту баринҳо зинда бошам, номаш зиндагӣ ба ман асло даркор не, – гуфт Назар, якбора ба «ту-ту» гузашта. – Ин гапамро ба дигар ғайбатчиҳои беимон ҳам расон!
Тўрон-тракторчӣ, аз чунин муомила кайфаш парида, лаҳзае сукут карду белашро ба китф партофт.
– Хайр, ҳамсоя, аз донистаатон намонед. Ман як даҳан фаҳмондам, салоҳ бошад, аз рўи инсоф қабул доред, агар не – ихтиёратон.
– Албатта ихтиёрам...

пешина
аз 551
навбатӣ