МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вай се-чор сол дар он вазифа ҷунбида гашту боз пасттар лағжид: мудири ферма шуд. Лекин фермаро ҳам ўҳда карда натавонист. Калхоз як гўсфандашро ба дута расонад, ў аз нав ба якта меовард... Муддати ду-се сол Назар инчунин сардори бригада буд. Баъд сардори звено ва ниҳоят калхозчии қаторӣ шуд. Ҳамин хел, чор сол муқаддам, ба нафақа баромад. Сипас як соли дароз шабҳо дар назди муллои чаласаводе нишаста, гўё тиловати Қуръонро ёд гирифт; чанд оятро тавонам-натавонам азбар кард. Ва дар миқёси деҳа ба тавре мулло ном бардошт. Аммо мардум баъди ин ҳам, ҳеҷ набошад аз рўи одоб, ўро белақаб... Назар ё мулло Назар намегуфтанд. Баръакс – ба вай боз лақаб монданд. Домуллои ланг... Акнун гоҳ Назари қоқ ё Назари шал гўянд, гоҳи дигар Домуллои ланг меноманд.
Дар бесадо кушода шуду кампираш омада, чароғро сокинак даргиронд. Хона равшан ва ба назар васеъ намуда, дар асбобу анҷоми он низ гўё ҷон дамид.
Мўйсафед ба тахтапушт гашт ва дарҳол ба чеҳраи кампираш, ки аз пеши болини ў туфдонро бардоштан мехост, хира-хира назар андохт. Инро ҳис карда, пиразан ҳам суоломез ба шавҳараш нигарист; ожангҳои гирди чашмони хастааш бештар ва резатар гардиданд. Нигоҳаш дар қайди дилсўзӣ ва тарсу таҳлука буд.
Мўйсафед ба вай дуру дароз назар дўхта, ниҳоят пурсид:
– Воҳид наомад?
Паризан як қад парида, беихтиёр пай бурд, ки овози шавҳараш бегона шудааст. Ин садо... на танҳо ба овози худи ў, балки ба овози одам ҳам монанд набуд. Хурроки гурбаро ба хотир меовард, ё нолаи пасти бодро мемонд...
– Воҳид наомад? – такрор кард мўйсафед.
– Не, – гуфт пиразан ва фавран илова намуд: – Вақти омаданаш расид... Меомадагист.
– Ҳа-а, – беихтиёр нигоҳашро ба сақф кўчонд мўйсафед.
Пиразан ҳамчунон оҳиста аз хона берун шуд. Баъди фурсате гашта омад; туфдонро дар ҷояш, назди болини бемор гузошт ва як дам сардаргум истода, мулоим гуфт:
– Пиёба пухта будам. Биёрам, ду-се чумча хўред...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор