Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман барои он дар ҷоям карахт шудам, ки...
Беҳтараш – аз ин хусус даҳон намекушоям. Зеро бисёр касон маро чашми дидан надоранд; аз зери нохунам чирк меҷўянд; ҳеҷ айбамро наёбанд, думи сагат каҷ будааст мегўянд.
Пас ин беҳ, ки сирри диламро санги сард барин ҳамеша ба худ гирифта гардам.
Ман як андоза ором шуда, ба андоми вай мулоим нигаристам.
– Аҷиб-ку... Ном баровардан... яъне ба кадом тартиб?
– Гап дар сари он ки шаҳр сохтаниам, – гуфт дар ҷавоб ҳампаҳлуям.
– Чӣ хел шаҳр? – ҳайрон шудам ман.
– Шаҳре ки монандаш дар рўи замин набошад, – гуфт ў қатъӣ. Ин дам дар лабони парсинбастааш як табассуми омехта ба ормонҳои ширин нақш баста буд.
– Хайр?
– Ба шумо маълум бод: фарзанди одамизод фақат ҳамон вақт машҳур мешавад, ки ба халқаш хизмати беҳамто кунад; агар баистеъдод бошад, барои минбаъд ягон ёдгори бузург гузорад.
– Дуруст, – ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам ман. – Масалан, гузаштагонамон Фирдавсӣ, Ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик...
– Бале, – суханамро аз даҳон гирифт ў. – Ман ҳам мехоҳам, ки номам ба мисли он абармардон дар саросари ҷаҳон паҳн гардад. – Сипас даме сукут карда, ваҷоҳаташ якбора ҷиддӣ шуд. – Ҳоло тарҳи он шаҳрро ба хурдтарин ҷузъиёташ пеши назар мебинам. Агар майли шунидан доред...
– Ба чашм!
– Шумо дар ҳаққи ман хиёнат намекунед баъд?
– Худо нигаҳ дорад. Ғайр аз ин... оё шўҳрати касеро дуздидан мумкин аст?
– Ҳаргиз!
– Пас чаро аз ин хавф мебаред?
– Алалэҳтиёт. Олами ҳодис гуфтаанд.
– Хайр, меҳрубон бошед, гап занед.
– Шумо ба мўйсафедон, умуман пирони дасткўтаҳ, бемадор, барҷомонда... эҳтиром доред?

пешина
аз 551
навбатӣ