Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар китфи росташ як каланди калон, бардам қадам мениҳод...
Музаффар то ангурпазӣ ҳар саҳар ҳамроҳи ў Боғи Боло рафта, ҳини гавгум бозпас хона меомад. Вай дар он ҷо, дар боғоти калхоз, соатҳои дароз ба дастони печони падар, ки мудом ба коре банд буданд, дар ҳавас чашм медўхт... Ва медид, ки чӣ тавр шахси ба дилу ҷонаш аз ҳама азиз замини чор-панҷ сол инҷониб партави сахтро нарм мекунад; арақи сару рўяш дар зери анвори сўзони офтоб мисли донаҳои хурди марворид чӣ сон ҷило медиҳад. Ҳангоме вай «ҳаҳ! ҳааҳ!» – гўён каланд мезад, ба Музаффар чунин менамуд, ки дар дунё аз падараш каси тавонотар нест. Дар ин гуна лаҳзаҳо, то пуштибони камгапаш ташнагии худро шиканад, ў лаби чашма рафта, зуд-зуд оби зулол меовард.
Ҳоло ҳам Музаффар дар ёд дорад, ки вай чӣ хел алаф медаравид – эҳа! Пойдосаш ҷарангосзанон садо бароварда, мунтазам пасу пеш медавид ва анбўҳи алафро ширт-ширт бурида, якмаром ба замин мехобонд. Бисёрҳо шудааст, ки гўё афсунаш карда бошанд, Музаффар аз пойдоси ялақосии падар чашм канда наметавонист...
Ангур ала шуду ташвиши онҳо зиёдтар гардид: бачаҳои деҳа дар ҳаваси дуздӣ меомаданд. Аксар вақт падари Музаффар аз ягон канор липпӣ берун омада, онҳоро ба даст меафтонд. Аммо ҳаргиз намезад, дашном ҳам намедод; фақат ин ки гўшашонро оҳиста мекашид ва ба дасти ҳар кадоме яксарӣ ангур қапонда, мегуфт:
– Минбаъд агар мева хоҳед, аз худам пурсед. Мабодо боз дуздӣ кунед, ба чанг оварда, дар пеши ана он коза баста мемонам – офтоб хўрда, бемалол хоб меравед!
Ҳамон шабу рўз падар аз хона як палоси дарида, кўрпаву кўрпача ва косаву табақ гирифта, ба козае ки дар пуштаи баланди миёни боғ сохта буд, кўчида омад.
Музаффар қариб ҳар бегоҳ хона рафта, аз аҳволи модараш хабардор мешуд ва дар бозгашт порае кўмоч ё ба ном ягон дами гарм меовард. Баъзан, ҳангоме ки падар дер гоҳ ба обмонӣ, хишова ё хомток машғул мегардид, дар сояи бари коза нишаста, боғро ҳушёр посбонӣ мекард.
Боре вай чоштгаҳ ба хона омада, модарашро ғамгин дарёфт; аз чашмони варамидаи суп-сурхаш баръало аён буд, ки нав гиристааст.

пешина
аз 551
навбатӣ