Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Амон ба ҳимои писараш аз ҷой хеста, ба сўи дар қадам андохт
– Хуш бош!
– Ту ҳам... – гуфт дар ҷавоб Замон ва аз болин андак сар бардошта, мулоим илова кард: – Ду-се бор кашола шуда омадӣ... раҳмат.
– Чӣ? – гапи Замонро нашунида, бозистод Амон.
– Мегўям, ки ба ҳар ҳол ту одами бад нестӣ.
– Ҳа-а-а... – хушдимоғ мад кашид Амон.

Баъди чанд дақиқа вай аз паҳлуи писараш дар курсии бароҳати «Жигулӣ» нишаста, ба пойгаҳи деҳа – тарафи хонааш мерафт. Зарраҳои барфи нахустин дар партави чароғи мошин печутоб хўрда, бепарво ба рўи раҳ мефуромаданд.
Кўча дар ин шабонгаҳ хилват буд. Аз ҷониби кўҳ боди сард мевазид.
– Зимистон ҳам омад, – гуфт худ ба худ Амон ва ба сар ҷунбондани писараш эътибор накарда, дар як ҳисси ҷиргарсўз аз дил гузаронд, ки пири фартут шудаанд онҳо! – Ҳам худаш, ҳам Замон...
Дар аввал, агарчи канда-канда давом меёфт, сўҳбаташон нағз буд. Вале... чун дар аксар маврид боз гапи ҳамон замин баромаду кайфи Амон парид. Замон, хайр, маълум – то душмании худро зери хок набарад, дигар осуда намешавад. Ў дар вақташ як таҳамтан буд, ки эҳа-а! – думи филро меканд.
Дар сухан ҳам устухон надошт. Амонро бештар ба гап мулзам мекард. Инак саломатиаш бад, гумон аст, ки ба по хезад. Акнун вай, Амон, то метавонад, зуд-зуд рафта...
Аз ҳоли Замон бояд хабар гирад; қарзи инсонии худро ба ҷо гузорад... Он зўъми худо ҳар чӣ гўяд, ихтиёраш – минбаъд гўш дода, Амон ҷим мешинад. Охир, рўзҳое буданд, ки Замон ҳам, сараш ба болин расидани ўро шунида, зуд ба аёдаташ меомад. Ҳоло ана, бистарӣ шудааст, мадори ҷунбидан надорад, чароғи умраш мемурдагӣ барин.
Амон дар банди чунин хаёлҳо мутаассир ба хонааш расида, нохост – аз ғояти ҳаяҷон ҳатто дар саҳни ҳавлӣ муддате истода, асо ба даст, дар ҳайрат дарк намуд, ки бе Замон, Бе он душмани ҷонаш…

пешина
аз 551
навбатӣ