Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сипас ба девори аз шинухези тўлонии магасҳо чиркини рўбарўяш ва кочоли гирду атроф – ҷевони хеле кўҳнаи либос, оинаи барқади низ кўҳна, қолинаки рангаш паридаву паташ қариб рафтаи назди кати чўбин, – Кати чўбини фарсуда, ки худ ҳоло дар болои он беҳараккат мехобид...
Ниҳоят, ба тўрпардаи кайҳо боз нашустаи тиреза ғайри ихтиёр ва як-як назар давонда, зуд паҳлу гашт; ин ҳамаро гўё тобу тоқати дидан надошту аз рўи одати доимӣ нигарист; ноилоҷ ва сарсарӣ чашм андохт ба онҳо! Имрўз душанбе – тавонад, боз каме ғанаб мекунад; фардо аз худи саҳар ҷунбуҷўл, азоби алим...
Фардо аз саҳар то бегоҳ дар хоначаи мартуб ва бадбўи пушти ошхона, Ҳамон ошхонае ки дар як гўшаи бозори шаҳр воқеъ гардида, одамон ба он ҷо аз субҳ то шом барои лағмон ё манту хўрдан медароянд...
Медароянду мебароянд,
Миёнаш дуқат, вай боз зарф мешўяд; Тал-тал мешўяд!
Бас будагист андешаҳои беҳуда. Ҳоло соате бошад ҳам, зўр зада... хоб кардан лозим.
Лекин дақиқаҳо паёпай мегузаштанду ба чашмони зан дигар хоб намеомад. Имрўз дилашро вай аз ҳаррўза бештар захмину ғамгин медид. Ба назараш деворҳои хона, ки як тирезаи хурд дошт ва дараш маҳкам пўшида буд, бадани то динаҳо тароватноку барги гул барин хушранги ўро чун дасту панҷаҳои оҳанин сахт ба тазйиқ мегирифтанд. Рўйҷои сафед, шояд аз он ки вақтҳои охир ҳеҷ ором хобида наметавонад ва борҳо аз мағзи ҷигар оҳ кашида, дам ба дам паҳлу мегардад, – Рўйҷои сафеди андак тиратоб дар такаш ғиҷим шуда, ба монанди як чизи кареҳ ғашашро меовард.
Мижагони зан – вай худ аз ин бехабар монд – баногоҳ тар шуданд. Ба гунаҳояш ришта-ришта ранги сиёҳ давид; ранги сурма...
«Аҷаб, – гуфт ў дар дил, – ҳатто аз нури офтоб бадам меояд. Ман чӣ тавр ба ин варта афтидам? Чӣ шуд ба ман?..

пешина
аз 551
навбатӣ