Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Болотар, дар пушти кулбаҳои сангин, ки ба мисли зинаҳои бетартиб то фарози ёна саф бастаанд, кўҳи бузурге қад кашидааст. Ранги лоҷувардии қуллаҳояш дар рўзҳои офтобӣ ба ранги осмон пайваста баҳс мекунад... Дар лаби ҳамон дарёчаи шўх, дар сояи ҳамон кўҳи баланд, дар ҳамон деҳаи хушобу ҳаво, дар айвони як хонаи сангин пиру кампире нишастаанд. Онҳо падару модари Ҷалоланд. Аз гиря чашмонашон дардманд шудаанд, ё тамоман нобино гардидаанд. Тани лоғари худро дар офтобаки баҳорон тоб дода, оҳу воҳ мекунанд онҳо. Риши пир сафед, мўи кампир сафед; қади пир камон, қомати кампир камон...
«Оё зинда бошанд?» – ба дидагонаш ашк давида, чун асири ғурбати мудом аз дил гузаронд ў.
– Ҳой, Ҷалол, чаро намеҷунбӣ?
Вай аз ин нидои ногаҳон як қад парида, ҳамоно дид, ки Усмон Азиз ва Ғуломҳусайну Қурбон ҳоло савори аспанд.
Дигарон атрофи онҳоро гирифта, чиҳое мегўянд; яқин хайрухуш мекунанд.
– Зуд бош, раҳамон дур, – гуфт ин дафъа низ Қурбон, овозашро баландтар сар дода.
Ва Ҷалол, гўё ба гарданаш ресмон андохта, базўр мекашида бошанд, пойҳояш ба мисли сурб вазнин, қариб калавида, хоҳам-нахоҳам ба сўи аспи худ рафт. Ва дубора дар пеши назараш...
Боз ҳамон деҳаи хурд падид омад. Ҳамон рўдаки тезоб дар тасаввураш аз сари нав зинда гардид. Кўҳи дуртар аз он қадафрохта кабуд ва беҳад дилрабо буд. Пиру кампири писаргумкарда дар айвони хонаи сангин хору забун менишастанд, оҳу воҳ доштанд.
Ҷалол ба аспаш наздик шуда, беихтиёр таваққуф намуд.
Фақат лаҳзае... Сипас тозон ба рикоби Усмон Азиз расида ва дар банди ҳаяҷони шадид сахт-сахт нафас гирифта:
– Маро ҷавоб диҳед, – гуфт. – Агар не, мемурам аз дарди фироқ... Ҷавоб диҳед!
Гўё замин ҷунбид, ё нохост барқ ҷаҳида, аз паи он раъд гулдурос заду ҳама якбора ба даҳшат омада, сару нўкашонро гум карданд. Танҳо Усмон Азиз ба ин хоҳиши Ҷалол чандон эътибор надода, дар ҳолате ки ба лабони андак парсинбастааш

пешина
аз 551
навбатӣ