Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Содиқ ҳам хиёнати Акбар ва ҳам дар муддати гурезагиаш фавтидани зани баиффати ў Холбибиро, ки замоне Акрам-бобои дурандеш ва одамшиносро ба ҳолу ҷонаш намонда, ҳамроҳи мўйсафед он вуҷуди покизаро барои дўсташ хостгорӣ карда буд, то ҷое вобаста ба гуноҳи худ медонад.
Вай «...ресмони бофтаашро, ки қади тозиёна меомад, дар даст бозӣ доронда, фикр мекард. Фикр мекард, ки чаро ў дар зиндагӣ фиреб хўрд. Барои чӣ дар муддати ин қадар солҳо кӣ будани Акбарро фаҳмида натавонист? Барои чӣ вай аз аскарӣ гурехт?..»
Саттор Турсун дар дигар асарҳои худ низ бевафоӣ, хиёнат, ноинсофӣ, разолат ва ғайра хислатҳои пасти инсониро ба доираи тадқиқ кашида, аз забони онҳое ки тасвир шудаанд, ба хонанда гўшзад мекунад: хилқати инсонро шинохтан бағоят мушкил аст. Аммо персонажҳои мусбати ў дар ҷараёни бархўрдҳо пухта мешаванд ва ҷон ба каф гирифта, дар саҳни пирўзии адолат талош меварзанд. Нависанда онҳоро ба туғёни зиндагӣ омехта, ба мубориза даъват мекунад, барои ислоҳи хатои хеш ба майдони дарёфти ҳақиқат мебарад. Ва гуфтан бамаврид аст, ки чунин хислати қаҳрамонҳо аз хислати шахси муаллиф низ ибтидо мегирад. Воқиан ҳам адолатпарвар аст адиби мо, ростгўю рострав аст. Агарчи дар ин роҳ азобҳо кашидааст, зиёда озор дидааст, ба маҳрумиятҳо дучор омада, ҳатто аз баъзе дўстон ҷудо гаштааст, вай ҳеҷ гоҳ аз сухани ҳақ рўй наметобад. Бисёр касон нороҳат шаванд ҳам, назарашро, фикру ақидаашро бе ягон парда баён медорад.
Баъзе нафарон, бештар ҳамқаламонаш, мехоҳанд Саттор Турсунро ба ҷурми ҳавобаландиву дуруштлаҳнӣ мазаммат кунанд. Ҳатто мисолҳо меоранд: нисбат ба фалон одам дар фалон ҷо гапи сахт гуфта, истиҳола накард ва ғайра. Лекин агар ба инсоф андешем, пас мебинем, ки нависанда дар гуфтори худ ҳақ будааст. Чунки вай ба ҳама гуна дурўягиву ғаммозӣ, чоплусӣ, хабаркашиву дурўғзанӣ, лаганбардориву обро лой карда, моҳӣ қапиданҳо, дидаву дониста сафедро сиёҳ гуфтанҳо нафрат дорад. Хислатҳои носози инсониро наметавонад таҳаммул кунад.
На як бору ду бор шоҳид будаам, ки ба рўи касе тунд, аммо ҳақиқатро гуфта, агар ў дуруст намефаҳмад, пушаймон мешавад; ба қавле худро мехўрад. Бо вуҷуди ин ростиро авло дониста, боз ҳам дар ақидааш устувор мемонад. Ба адолат, ки сайёраи мо маҳз ба шарофати он ҳанўз пойбарҷост, тоқати хиёнат кардан надорад. Агар аз ҳақиқат мегурезем, – ҷиддӣ ба забон меорад ў, – рафта-рафта зиндагӣ ба шаби тор табдил меёбад.

пешина
аз 551
навбатӣ