Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҳафтумаш-ку қасд кардагӣ барин умуман дарак набуд.
Ман одатан ба ҳамон автобус меоям. Нағз мегардад, лекин баъзан... аз чӣ бошад, то як соат интизор мешавед.
Имрўз низ айни чунин ҳолат рўй дод. Дигар автобусҳо зуд-зуд гузашта, паёпай одам гирифта мерафтанду ҳафтумаш наменамуд...
Аз интизорӣ тоқатам тоқ гардида, дар гўшаи харак аз паҳлуи як писарбачаи хушсурати ба назарам мактабхон оҳиста нишастам.
Раъд гулдурос задаву хаданги барқ синаи абрҳоро чок карда, борон аз шасташ намегашт.
Ман аз роҳи ғарқи об чашм намекандам. Дар баробари рез-рези борон хаёлам ба ҳар кўй сар мехалонд. Фикр мекардам, ки аз мани гаранг рўзноманигор мебарояд ё не. Фикр мекардам, ки Иноят Шамсиддини даҳмарда барои ҷонбозиҳо дар набарди зидди фашизм пас аз чил сол сеюмин ордени худро гирифта, шояд сахт ба ҳаяҷон омада бошад; аз ғояти хурсандӣ ба ҳаққу ҳамсояҳо эҳтимол зиёфат ҳам дода бошад. Одами дасткушод вай, дастархондор...
Боз фикр мекардам, ки ин хоби шаб дидаам... Аҷаб, таъбираш чӣ бошад?
Ниҳоят барои чӣ дигар кас неву маҳз Марям-хола даромад ба хобам? Ҳоло вай сиҳат-саломат аст, ё ҳодисае...
Нохост назарам ба як аробаи чорчарха афтид, ки онро аспи кабуди лоғар аз канори раҳ кашола карда мегузашт.
Марди кўзапуште, дар даст лаҷом, либосаш ҳама тар, ба курсии пеши ароба нишаста, чунон ки дар зери борони сахт побанди ғаму андўҳ бошад, сархам ва гўё аз кулли ташвиши дунё бехабар мерафт.
Яқин пир буд аспи кабуд. Дар тани пўсту устухонаш ҷоҷо холҳои сафед дошт, ки нахустин зарраҳои ба рўи замин рехтаи барфро мемонданд. Бо вуҷуди ин ҷонвар, ёли дарозаш аз дами тези шамол парешон гардида, аробаи чархҳояш резинӣ ва пур аз қуттиҳои гуногунро ба ҳама зўри худ оҳиста-оҳиста кашида мебурд.
Корзада буд аспи пир!
Ман ба қадаммонии душвори вай нигариста, беихтиёр аспи дигарро ба хотир овардам, ки низ кабуди холдор буд.

пешина
аз 551
навбатӣ