МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Нигоҳи батаассуфаш рў-рўи гулҳои сурхи шукуфону баргҳои сабзи ҳамон ягона бутта вазнин мелағжид.
Дар кафи баргу дили гулбаргҳо чун марворид қатраҳои софи борон ҷило медоданд.
Вай намедонист, ки ин буттаро кадоме аз ҳамсояҳо шинондааст; ва кай шинондааст.
Панҷ сол боз дар ҳамин бинои мавҳум зиндагӣ мекунаду намедонад.
Бале...
Инчунин намедонад, ки чӣ тавр аз зану фарзандаш овора гардида, ҳоло, дар айёми пиронсолӣ, чӣ тавр гирифтори ғаму андўҳ шудааст.
...Қариб ҳар рўз борон меборид. Баъди борон қариб ҳар рўз офтоб ё мебаромад, ё не...
Ва ў қариб ҳар рўз аз тирезаи хонаи хурд ва камбағалонааш, ки моломол аз бўи атрогини гулу гиёҳ мегардид, андешаманд ба берун нигариста, аз он буттаи шукуфон ва тару тозаи садбарг чашм намеканд; дақиқаҳои тўлонӣ аз баргу гулбаргҳои ҷавон чашм намеканду...
Ба ҳар гуна хаёлҳо мерафт.
Ин ҳолат чандин рўз давом ёфт.
Пас...
Вай оҳиста-оҳиста буттаи садбарги пушти тирезаро фаромўш кард.
Хонааш дигар аз накҳати гулу гиёҳ муаттар намешуд.
Вале сабаби инро намедонист. Ҳатто ба сараш ягон фикр ҳам намеомад. Чунки басо рўзҳое буданд, ки гўё дар торикистон мезист; гўё вақту фазо барояш ҳаргиз вуҷуд надошт.
Ба мағзи дардмандаш хаёлҳои ҳама гарон, ботил ва тарсовар мепечиданд.
Як бегоҳ вай пеши тиреза рафта, онро калон кушод, – дастони лоғар, қадре кабудтоб ва бемадораш меларзиданд...
Ба хона боди сард зада даромад.
Вай, ки дар зери як куртаи чиркин буд, хунук хўрд. Бо вуҷуди ин аз тиреза дур нашуда, ба берун менигарист.
Ҳоло буттаи садбарг саропо урён буд. Дар он на гуле ба назар мерасид, на барге...
Офтоб наменамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор