Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Агар инро дар вақташ мегуфтӣ, эҳтимол фоида мекард.
Ё ҳамон шабу рўз ҷудо мешудем, ё ман...
– Ман, ман... Туро чизпарастӣ, ғурури беҷо, худнамоӣ ва ман-мании пуч ба ин ҳол расонд.
– Ба ҳолам чӣ шудааст?
– То имрўз нафаҳмида бошӣ, дар оянда мефаҳмӣ. Бечора падарам муддати ду соле ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекардӣ, дандон ба дандон монда мегашт. Боз шарм надошта, барои чӣ мегўӣ... Ту ягон бор ба андеша рафтаӣ, ки агар дар хона бошӣ, чаро вай ба наздат намедаромад? Ҳатто дар паҳлуят нишаста, озод таом намехўрд.
– Ҳамин қадар гап будаасту ба ту панҷ сол зиндагӣ карда, тамоман бехабар...
– Барои он бехабар будӣ, ки ман умед мебастам, шавҳарам мегуфтам. Гумон доштам як рўз не, як рўз ба инсоф меоӣ.
Аз раҳи фиребу найранг нагашта, одам барин ҳалол зиндагӣ мекунӣ; аз паи пулу мол натохта, ба китобу дафтарат машғул мешавӣ. Падарам ҳам хайр, дигар чӣ илоҷ, ҳар кӣ бошад, шавҳари ягона духтарам гуфта, умедвор ба мо хона гирифта дода буд.
– Чӣ хел? Ман, охир, хонаро аз ҳисоботи университет гирифтам! Худам...
– Дар як сол, а?
– Ҳа, дар як сол.
– Агар падарам намебуд, дар даҳ сол ҳам намегирифтӣ.
Вай дар умраш аввалин бор хизматҳояшро пеш андохта, идора ба идора гашта... Эҳ, чӣ гўям! Аммо ту рўзи маргаш ба ҷои ду қатра ашк рехтан бегоҳ арақ хўрда омадӣ.
– Худат медонӣ, ки ман гириста наметавонам...
– Рост. Дили ту аз санг. Рўзи вафоти модарат ҳам чашмат нам нагирифта буд. Ба ту пул бошад, сарулибоси гаронбаҳо бошад, вазифаи баланд бошад... Инсон чӣ? Инсон барои ту чени хас қадр надорад.
– Хайр, мон акнун ин гапҳоро. Кӣ ҳақ, кӣ ноҳак баъд маълум мешавад.
– Бубахш, сахт расидам. Ман асло намехостам, лекин...
– Гуландом чӣ хел?
– Нағз, қад кашидааст. Соли оянда мактаб меравад. Пештар

пешина
аз 551
навбатӣ