МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва даррав баргашта, дар назди диван хаёлманд каме таваққуф мекунад. Дафъатан даст ба пешонӣ мениҳад, чаккаҳояшро як-дуборӣ мемолад. Гаранг метобад ба назар. Писараконаш дар рўи қолини серпат нишаста, аз нав чормағз меғелонанд. Ба тарзе машғули бозианд, лекин хомўш, бе ҳеҷ садо... Вай ба онҳо эътибор надода, ақалан нигоҳ ҳам накарда, аз кисаи хилъаташ гуё беихтиёр пулти хурдаки телевизори калонро, ки дар пешгаҳи манзил меистод, берун меорад.
Ва ба як пахши сарангушташ оинаи бавусъати ҷаҳоннамо равшан гардида, духтаре, балки зане лўнда ва танноз – мўйҳои рах-рах сафеду сиёҳаш парешон, дар даст баландгўяк, сад печутоб хўрда, чашмони махмурашро гоҳ пўшидаву гоҳи дигар кушода, чоки бари доманаш то сари рон, аз саҳнаи бузурги ба ҳафт ранг музайян лакнатдор мехонад:
Доим мекунам садоят,
Да-аа-лӣ, Ҷа-аа-лӣ.
Доим мекунӣ садоям,
Да-аа-лӣ, Ҷа-аа-лӣ...
Чеҳраи гирифтааш якбора боз шуда, Ситора пултро беозор дар рўи мизи пастаки хушҷило, дар пеши гулдони барқади булўрин мегузорад. (Гул надорад гулдон; ғариб аст, холист...) Ва овоз бароварда, худ ба худ мегўяд:
– Хон, азизам Парвин, хон! Безор шудам аз насиҳати духўраи он беваи китобмаст! Аввал хонаву дарашро ба тартиб андозад... Тавба!
Писаракон – акаву додар – як қад парида, мутаҳайир ба ҷониби модар менигаранд.
Вале Ситора парво надорад. Вай тасмаи хилъаташро кушода, ҷуссаи ба ҳар ҳол вазнинашро ҳамоно болои диван мепартояд. Пас дар як савқи табиӣ болинаки мулоими онро ба таки сар кашида, омехта ба садоҳои гўшхарош ва номафҳуми «Да-аа-лӣ, Ҷа-аа-лӣ...» дуру дароз механдад. Ба дараҷае ки аз ҳалқаи чашмони дар ин лаҳза тангаш ришта-ришта ашки гарм заҳида, сурмаи ғафси бехи мижгон ва зиёда сафедии рухсораҳояшро хат-хат шуста, андоми ў дар партави қандили мунаввари шифт бағоят сард, берўҳ ва ҳатто... бимангез метобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор