МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Рост мегўӣ, Ситораҷон. Аз рўзе ки уту мепурсидӣ, ман ҳам сояатро дигар надидаам, – механдад зани болобаланд.
– Худо гирад ин ҳуши парешони маро! Фаромўш кардаам. Аз рафтуомади гуна-гуна меҳмон... Шумо намедонед утуи холаатонро куҷо мондам? – ба ҳар ду писаракаш менигарад Ситора. Ва ҷавобе нашунида, беихтиёр тасмаи хилъаташро мекушояд – гуё фишор меовард ба миёнаш, – аз сари нав мебандад. – Биё, апаи Шаҳзода, ҳоло як дам шинем, баъд ёфта медиҳам... Худат медонӣ, ки утуи наппа-нав дорам. Олмонӣ... Лекин, сабил монад, мабодо ягон ҷояшро сўзонам гуфта, аз кор фармудан метарсам.
Шаҳзода, аз ифодаи чеҳраи гармаш маълум, ин гуна ҳарфҳои беҷоро аз даҳони ў бисёр шунидааст магар, дупўста карда, гапро ба дигар тараф мабарад:
– Боз меҳмон омад? – ва борониашро чаққон аз тан кашида, болоиҳам ба сумкааш дар кашак меовезад. – Гуфтам, ҳарчанд дандон сафед мекунӣ, хотират ҷамъ нест... Хайр, ман розӣ, камтар мелақем. Чунки то аз кор омадани акаат ним соат барин вақт меёбам. Зиёд не... Ту албатта меҳмон доштӣ.
Вагарна табъат хира намебуд.
– Меҳмон, а! – ба оҳанги нафрат даст меафшонад Ситора. – Хешу табори Икром – амакбачааш, ду тағояш. Се рўз боз безор кардаанд – мераванду меоянд, мераванду меоянд...
Кошкӣ одам мебуданд он гадотабъон!
– Гиребонатро дошта, баэҳтиёт гап зан, Ситора, – мегўяд Шаҳзода, ба яке аз курсиҳои мулоими гирди миз нишаста. – Одатан номаш зан дар ҳаққи пайвандони шавҳараш ин хел суханҳои пасту баландро раво намебинад.
– Безорам... Ҳам аз худаш, ҳам аз хешу табораш. Ба худо, ки сер шудаам аз ҷонаки ширинам. Ту бовар намекунӣ, апа...
– Ҳай-ҳай, дониста дурўғ мегўӣ, а! – аз табақча як дона мавиз гирифта, хандон ба даҳон мебарад Шаҳзода. Пас ба фарзандони ў менигарад, ки ҳоло саропо гўшу ҳуш гардида, кунҷковона дар курсиҳои дигар менишастанд. – Шумо акнун мардак шудаед; хезед, рафта дур-дур бозӣ кунед. Ба гапи мо, занҳо, ҳавас мондан шарт нест. Хезед, ҳа-а... зудтар!
Писаракон хоҳам-нахоҳам ба хонаи шафат мегузаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор