МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Духтарам, ман пурсиданӣ, ки...
– Гуфтам-ку: намедонам! Аз ман дигар ҳеҷ чиз напурсед!
Дар ин нисфишабӣ беҳуда занг зада, ба асаби кас сўзан халондан нағз не!
Зан лабонашро каҷу абрувонашро чин карда, дарро ба рўи вай сахт пўшид.
Пирамард аз чунин муомила, ки болои сўхта намакоб буд, ниҳоят ошуфта шуд ва ба ду даст рўймоли миёнбандашро дошта, зери лаб «тавба, тавба!» – гўён карахт берун баромад. Ва дар он ҷо, дуртар аз дари дутабақаи вурудгоҳ, ки ба дами шамоли сард тоб наоварда, беист пасу пеш мерафту гўё ба ҳоли ў раҳмаш омада, оҳиста ғиҷирос мезад, як хараки пастро дид; ба остини ҷомааш барфи онро рўфта нишаст.
Ва аз зўри сармо гарданашро даруни гиребон кашида, ба он тарафи кўчаи ҳанўз сермошин, ба иморатҳои азиме ки дар лаби бом ё дар пештоқашон ифодаҳои калон-калони таблиғоти неонӣ ба ҳар ранг фурўзон буданд, дер гоҳ хаёломез чашм дўхт. Пас ҳарфҳоро ба ҳам ҷанг андохта, чанд рекламаро як-як хонд: гўшт, шир, равған... Гўгирдбозии кўдак боиси сўхтор мешавад... Молҳои сантӣ...
«Сантиаш чӣ бошад? – гуфт ў ба худ ва хеле фикр карда, оқибат ҷавоб ёфт: – Саноатӣ будагист... Беҳазл саноатӣ, «о»
қатӣ «а» дарнагирифтаанд».
Ҳамин вақт аз куҷое як таксӣ омада, каме дуртар истод; нури тези чароғҳояш ба чеҳраи пирамард афтид ва пас ба таксинҷу девори иморат лағжида, дарҳол хомўш шуд.
Пирамард ҳушашро ғундошта, ба таксӣ нигарист. Дари қафои он боз гардида, писару келинаш баромаданд ва дар ҳолате ки байни ҳам чизе мегуфтанд, хандон ба ҷониби вай қадам монданд.
Пирамард бархост.
Онҳо ўро диданд ва ба якдигар маънидор чашм партофта, маҷбур гашти худро тезонданд.
– То бегоҳ раҳ поидем, наомадед, – забон кушод Мурод ба оҳанги узр. – Баъд... акнун намеомадагистанд гуфта, ба хонаи як рафиқамон рафтем. Таклиф карда буд...
Аз даҳони ў ба димоғи пирамард бўи ғализи арақу тамоку нишаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо