МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Пирамард ба манзараи якрангу дилгиркунандаи атроф назар андохта, ба хаёл рафт. Охирин бор ўро хабаргирӣ омадани писарашро ба ёд овард; ба ёд овард, ки вай ду моҳ қабл аз ин, дар тангии тирамоҳ, ҳамроҳи занаш омада буд.
Сим-сим борон меборид он рўз. Ҳаво андак хунук буд.
Пирамард, ки қариб як моҳ боз – баробари намӣ фуромадан – дарди пояш аз нав боло гирифта, ночор азоб мекашид, дандон ба дандон монда, дар ошхона ҳезум мешикасту Муродро фикр мекард. Фикр мекард, ки вай аслан бачаи баақлу ҳуш... Лекин чаро дар мусофират мегардад? Барои чӣ кўчида намеояд? Агар ҳозир мебуд, ба кору бораш ҳамдастӣ карда, қуввати дил мешуд... Ғайр аз ин, ягон рўз пирамард ҷон ба ҷаббор диҳад, то даме писараш хабар ёфта, аз Душанбе барин шаҳри дур расида меояд, эҳа... мардум ўро ба қабристон мебаранд ва нури дидааш наметавонад пеш-пеши тобуташ равад. Магар вай ба ҳамин ният фарзанд калон кард?
Вақте ки Мурод мехонд, пирамард умед дошт – фардо писараш одам мешаваду орзуҳои дар ҷавонӣ, дар солҳои нотинҷ ба бод додаи ўро аз нав зинда мегардонад; ниҳоят, дар аснои пирӣ, каме бошад ҳам, вай аз ташвишу тараддуди рўзгор фориғ мешавад, дар сояи фарзанд роҳат мекунад...
– Акаам омаданд, акаам! – гўён хушҳол ба ошхона қадам мондани духтараш хаёли пирамардро бурид.
Вай саросема ба рўи ҳавлӣ баромад ва писару келинашро дида, мутаассир шуд; ба чашмонаш ашк давид. Вале ба зудӣ рўҳаш сабукӣ ёфт, гўё ҳаргиз пояш дард намекард. Ба чеҳраи хандон, ба қаду қомати мутаносиб ва либосҳои зебову гаронмояи онҳо нигариста, ҳай болид. Ба хусус ҷомадонро кушода, чанд кило қанду набот ва ҳамин мўзаи намадинро бароварда додани Мурод сари ўро ба осмон расонд.
Он бегоҳ бисёр касон писарашро диданӣ омаданд. Пирамард дар меҳмонхона дастархон густурда, лаълӣ-лаълӣ обу мева ва ширавор гузошт. Ва баъди он ки фурсате ба Мурод ва ҳозирон сўҳбат карда нишаст, духтарашро як тараф ҷеғ зада, оҳиста фармуд:
– Зуд рафта Мўҳсин-қассоба гирифта биё. Акаам омадаанд, як гўсфанд дорем, кушта диҳед гўй.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо