Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Хайр, ҳеҷ қисса не, ягон рўз менависад. Ҳоло кораш вазнин – инжинери як заводи калон будан ҳазл не албатта. Дар зери дасти ў камаш панҷсад кас кор мекардагист. Ба онҳо роҳу равиш нишон додан лозим. Худаш як дафъа шикоят дошт, ки ба сархорӣ ҳам дасташ намерасад. Ба мани пир хат менависам гуфта, ҳушаша парешон кунад, нағз намешавад.
Тору пуди кораша дурусттар ёбад, баъд ана… пештара барин навиштан мегирад... Муродҷонам, шукри худо, фарзанди баоқибат. Баоқибат набошад, ғами мана хўрда, ҳамин хел мўзаи намадини олиҷаноб меовард?! О ин ҷо ба ҷо ба дардам даво-ку...»
Вақте ки пирамард қариб ба ҳавлиаш мерасид, аз қафо як газик омада, дар баробари ў таққӣ истод. Ва дари он сабук кушода шуда, раиси калхоз, марди аспрўи батанутўш, ки дар бар пўстину дар сар телпаки гўшакҳояш фуроварда дошт, ба вай салом дод.
– Ваалайкум ассалом, раис. Мондаҳо?
– Як навъ, амак. Аз худатон пурсам...
– Аҳволи ман бад не... Лекин пўсткандаи гапа гўям, аз шумо камтар гила дорам.
– Чӣ шуд? – хандид раис. – Шояд аз ҷониби мо ягон кўтоҳӣ сар зад?
– О ҳамон китобхонаи аслан заҳ зимистони дароз рўи алава надидааст...
– Ман фармудам, амак, духтаратон худи ҳамин рўз ангишту ҳезум мегирад. Тобистон ба умеди идораи ҷамоат шуда, китобхонаро аз ҳисоб берун мондаем. Ин гуноҳи мо.
– Идораи ҷамоат ба умеди калхоз... – даст афшонд пирамард. – Хайр, аз кор гап занед.
– Корамон ба таъриф намеарзад. Ҳамин барф моро хеле бесаришта кард.
– Ҳа-а, барфи калон ғалтид. Аёсаша намегўед! Чорво дар чӣ ҳол? Хўрок ҳаст?
– Беда дорему казоӣ не. Се мошин як ҳафта боз аз Хайробод сабўсу кунҷора мекашад. Шофирҳо хуб ҷон канда, ҳар шабонарўз ба азоб ду бор рафта меоянд; раҳ дур, ҳаво хунук, яхбандӣ...
– Сахт истед, раис. Ҳа нагуфта баҳор мерасад. Азоби зимистон сабақ шуда, минбаъд ғами хасу хошока дурусттар мехўред.

пешина
аз 551
навбатӣ