МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– мегуфтанд, ноилоҷ андармон буд. Вай намеҷунбид, гуё дар ҷои худ шах шуда буд.
– Хадича...
– Чӣ гап дорӣ? – аз вусъати боғ чашм наканд ў.
– Ғам нахўр…
– Тарона хонам?!
– Барои чӣ навбатро ба Холназар додӣ?
– Чӣ кор кунам буд? То бел бардошта рафтам, ки маҳкам баста гирифтааст.
– Ту ҳам баста гир буд. Аз дасташ чӣ меомад?!
– Баробар шудан нахостам. Додаршўй буд як вақтҳо...
– Додаршўй не, ҳайвон!
– Ғайр аз ин фикр кардам, ки акнун чӣ илоҷ, вай боғашро об диҳад, баъд осуда мебандам.
– Ман саҳар ба ту гуфта будам: ҳушёр ист...
Хадича ҷавобе нагардонд. Ва усто Қамчин дар зери дасти ў баногоҳ як лифофаро дид.
– Мактуб?
– Ҳа, аз Наврўз...
– Ку ба ман деҳ.
– Чӣ мекунӣ?.. Навиштааст, ки сиҳат-саломат, хонасозиро ёд мегирад.
– Хайр, хонда бинам... – «Вай ба ту писар бошад, ба ман ҳам писар!» – Намехўрам…
Хадича, ки мактубро нишон додан намехост:
– Ҳоло вақташ не, дафъаи дигар мехонӣ, – гуфт ва хаёлманд бархоста, илова намуд: – Ба ту ҳам салом мерасонад.
– Оббо! Бинам...
– Хайр, ана, бин, – ниҳоят розӣ шуд Хадича. – Ягон гапи хушбор надорад.
Пас аз пурсуҷўи саломатии модар ва изҳори аҳволи хеш Наврўз қисман навишта буд: «...Ман медонам, ки агар ҳама корро худам мекунам гўед, бе гумон азоб мекашед: ҳезуму ангишт надоред, боми хонаамон андова мехоҳад, боз ҳоло шабу рўзи боғобдиҳӣ... Ба додом фаҳмонед, ки баъзе мушкилатонро ба зимма гиранд. Ташвиши тирамоҳ низ албатта кам не… Ҳарчанд бовар дорам – шумо забон накушоед ҳам, аз каму костамон хабар меёбанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо