Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гап дар ҳақ доштан ё надоштани ту не. Гап дар сари ноодамии ту. Агар заррае инсон мебудӣ, навбати як зани дасттанҳоро гирифта, боз ин қадар пештозӣ намекардӣ.
– Пештозӣ кардам ё не – сирф кори ман! – дўғ зад Холназар. – Ту ба ман ақл нашав! Пештозӣ, а! Ду писари ман баромада, рўзи дароз лаблаби ҷўйбор гаштанд. Об даркор бошад, аз ҷониби вай ҳам ягон кас барояд буд.
– Хадича кӣ дорад, ки...
– Ҳеҷ касаш набошад, миён баста, худаш барояд! – ба сухани Тоҳир бепарво латма зад Холназар. – Вай ҳам дар ҳисоби як хоҷагӣ...
– Э дафъ шав-э! – ба овози гулдуросии худ кўчаро пур кард мироб.
– Дафъ нашавам, аз дастат чӣ меояд? Ба дор меовезӣ? Аз манор мепартоӣ?
Усто Қамчин як ҷўшид, ки тохта раваду аз гиребони ў гирифта, чор даҳан гапи равғанин гуфта, аламашро андак фурў нишонад. Аммо ба андешаи ҳамсоя ҳастанд, зуд-зуд рўбарў мешаванд, ғайр аз ин вай ана, ба ҳар ҳол... аз ў набошад, аз дигарон зиёда талху тунд мешунавад, дар азобе ғазабашро бартараф сохт.
– Бисёр калон нарав, Холназар, – гуфт Қодир-амак. – Мо фитрати туро нағз медонем. Агар писари Хадича ҳозир мебуд, ту асло ин корро намекардӣ. Мисли буз меларзидӣ.
– Шумо як одами бемаънӣ баромадед-ку! – Холназар аз мироб рўй тофта, ба Қодир-амак нигарист. – Ҳурмати риши сафедатонро пос дорем, ба сари кас метозед, а!
– Аввало ин ки сарат ба худат насиб кунад! Сониян, бемаънӣ ман не, бемаънӣ ту!
– Монед, ака, садқаи сухан шавад вай, – гуфт мироб, даст ба китфи мўйсафед ниҳода. – Ҳоло боз навбати обдорӣ мерасад... Баъд мебинем, ки алами бенасиб мондан ба кӣ… ва чӣ қадар вазнин будааст.
– Мебинем! Шояд хоб дида, худатро соҳиби мамлакат меҳисобӣ?! Беҳуда, хаёли хом...
– Бас кунед, додо, нағз не...
Ҳалим, ки аз шарм суп-сурх шуда, намедонист ба куҷо сар занад, оҳиста даст ба оринҷи падар бурд. Вале Холназар дасти ўро сахт афшонд.

пешина
аз 551
навбатӣ