Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нағз, ки гаву гўсолаҳояшро фурўхт; қанорқанор пашму дарза-дарза пўст ва даҳҳо шикамба равғани зардро ҳам бароварда фурўхт. Вале он ду аспи таърифиаш ҳайф шуданд. Чор-панҷ сол қабл аз ин барои аскари сурх гуфта, одамони ҳукумат аз таки собот бе пўшт-пўшт гирифта рафтанд. Бадбахт будааст вай, Ҳалимбой... маълум нест, ки дар оянда ҳолаш чӣ мешавад, давлаташ ниҳоят ба кӣ насиб мекунад. Пеш ба як мутеи дари хона ё чўпонаш хизматона гуфта, соле шаш-ҳафтгазӣ карбосу алача ва ягон буз ё гўсфанди хароб диҳад, дар дунё аз ў каси нағзтар набуд.
Ҳоло чӣ? – эҳа... ҳоло чўпон ҳам, ятим ҳам, калу кўр ҳам…
қисса кўтоҳ, кулли он махлуқон хеле доно шудаанд, аз рўи меҳнати худ ҳақ мепурсанд. Не гўю рўзатро бин! Даррав ба ҳукумати шўро арз мекунанд. Албатта, онҳо акнун пушту паноҳ доранд. Акнун давр – даври мардуми нодида... Олимхон, амири беинсоф, мулкро ба дасти гурўҳ-гурўҳ кофир ва ёғиву тоғӣ супурда, чун як махлуқи буздил, ки вақти корзор пушташро нишон медиҳад, саркану покан гурехт. Иброҳимбек ҳам чанд сол муфт тохтутоз карда, хуни бисёр рехта, оқибат аз паи Олимхони манғит рафт. Имрўз ана… беибо баргашта, яқин дар бало мондааст; намедонад, ки аз чанги марг чӣ тавр раҳо ёбад. Хом будааст, хом! Хом набошад, аввал хуб адабашро дида, боз ба ин пойлучони худобехабар дастбагиребон мешуд?
– Бой! – гуфт Усмон Азиз, нигоҳашро аз берун кандаву пиёлаи холиро оҳиста дар назди чойҷўш монда.
Ҳалимбой як қад парида, аз рўи дастархон сар бардошт.
Чашмони давида баромадааш пур аз таҳлука, беқарор ва дар айни замон хушомадгўй буданд.
– Лаббай, тақсирам!
– Ман меравам, аммо то рафтан аз шумо баъзе чизҳоро пурсидан мехоҳам.
– Гўшам ба ҷанобашон.
– Аввало ин ки аҳволатон чӣ тавр?
– Аҳволам ана… аз худашон гап намемонад. Ранг бину ҳол пурс гуфтаанд.

пешина
аз 551
навбатӣ