МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳар боре ки ба буди овоз Қамчин! – гўён фарёд мезад, панҷаи дар ҳаво муаллақашро сахт меафшонд, яъне хам шав! Дар пушти тўп ист!.. Шумо ҳам, додо, шумо ҳам... – Қамчин низ ба сар ва дасти холиаш ҷонгазо имову ишора мекард. Аммо бефоида буд. Аз ин рў, то падараш хотирҷамъ гардида, ниҳоят худро эмин дорад, акнун пушти тўп гузаштан мехост, ки баногоҳ...
Вай аз он чӣ дид, аввал гаранг шуд – падараш, чунон ки зарбаи шадид расида бошад, як қадам қафо партофту оҳиста даст ба сандуқи сина бурд – сипас, ҳангоме ходаи панҷаашро раҳо накарда, ҳамон ист аз болои сал мисли пайкари сангин сарнагун гардид, додо-оо! – гўён аз мағзи ҷигар фарёд оварда, худро ба тарафи об андохт. Вале дар рўи сал ҳатто ду қадам намонда, ранги одаме ки пешпо хўрдааст, сахт афтид. Бари китфу соқи чапаш сўзиш мекарданд, гўшҳояш вазнин руст мешуданд. Ва аз чӣ бошад, ўро камандири даста ва боз як нафар ба сар диҳед! Сар… – гуфтанаш эътибор надода, ба қафои тўпҳо мекашиданд, ки дар он қиёмати қоим ягона гўшаи паноҳидан буд. Бо вуҷуди ин Қамчин муқобилат мекард – вай, охир, гумон дошт падараш зинда ба дарё рафт, наҷот мехоҳад ў! Наҷот… Ҳаргиз намедонист, ки қиблагоҳаш ҳалок гардид, ҳайф шуд, ба несту нобуд пайваст.
Ҳамчунин намедонист худаш низ ду тир хўрдааст...
– Монда набошед!
Усто Қамчин аз ин овози баланд як қад парида, чашм бардошт ва чор-панҷ қадам дуртар назараш ба Саидмўъмин афтид, ки бел дар китф, ба вай наздик мешуд.
– Саломат бошед! – бе шитоб бархоста, гуфт усто Қамчин. – Поин меравед… Ба хайр?
– Тобам гурехт, ака. Тахмин ду соат боз... аъзои баданам ланҷ, сарам ҳай дард мекунад...
«Вақти обронӣ ҳатман тоби шумо мегурезад, вақти ҳашар ё ягон кори дигар ҳам... Ганда муғамбир шумо!»
– ...Мегўям хона равам, шояд амон диҳад. Ин гуна... хаёлманд метобед?
– Хаёли куҷо... – мад кашида, ором даст афшонд усто Қамчин. – Хайр, дар Авлод чӣ гап?
– Тинҷӣ-ку, – хандид Саидмўъмин. – Ғайр аз ташвиши об дигар чӣ мешуд?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо