Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо вай дудила буд: гўяд ё не? – Натарс, бемалол ба забон гир. Ман намеранҷам, баръакс...
– Ха-айр, ана... гулдаст.
– Кам нашав, писар! Лақаби ман гулдаст, усто Гулдаст.
Ин унвонро дар пешонии ман бисту панҷ қабл додои куҷо монамат часпонда буд, – гуфт ба содагӣ усто Қамчин ва нигоҳаш ба созе ки дар дасти ҷавон буд, кунҷков қарор гирифт. – Рубоб бардоштаӣ? Аз они худат?
– Не, аз як ҷўраам, вай аз ҳамин Кўшкак. Гуфтам… камтар машқ кунам.
– Дуруст мекунӣ... навозандагӣ ҳунари баланд. Кас агар навозанда бошад, дилаш доимо ҷавон мемонад.
– Лекин кори мушкил.
– Чӣ, ҷавон мондани дил?
– Не-е, умуман… ин касбро нағз ёд гирифтан.
– Ҳама кори дунё меҳнат мехоҳад, машаққат мехоҳад.
Ба хусус ҳунар, ҳунари олӣ…
– Мумкин, – хаёлаш андак парешон, мутаҳайир китф барҳам кашид ҷавон.
– Ин ҳақиқат ҷои ягон баҳс… ё гумон надорад, – хандид усто Қамчин.
– Аз Маҳмуд хабар ҳаст?
– Аз Маҳмуд? – қадре саросема шуд ў. – Бале, хабар ҳаст.
Вай ҳоло дар Қазоқистон, ғалла медаравидааст.
– Медонам.
– Исто, ки ба Маҳмуд мехонам гуфтӣ, а?
– Ҳа-а...
– О ин хел бошад, барои чӣ Қазоқистон нарафтӣ?
– Рафтан ихтиёрӣ буд.
– Яъне ки Маҳмуди мо ба иродаи худаш рафт?
– Фақат вай не, ҳама...
– Ту чӣ? Ту рафтан нахостӣ?
– Азоб кашида гаштан чӣ лозим?! Аслан як дашти батафту тоб бошад...
– Ана ин корат хуб нашудааст, – гуфт усто Қамчин, ки аз охирин сухани ҷавон табъаш хира гардида, ҳатто ба вуҷуди ў, ба қаду қомати устувори ў ҳайфаш меомад. – Ба мардуми ғаллакор ҳамдастӣ кардан савоб дорад.

пешина
аз 551
навбатӣ