Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Суруди дилнишини базм умеду орзуҳояшро ба ҷўш меовард; сараш чун аз оғўши гарми модар, чун аз накҳати гулу гиёҳ, чун аз дурахши офтоби ҷонбахш ширин чарх мезад; гўё зарбу оҳанги ёр-ёр олами кўдакии ўро аз нав зинда месохт... Лекин ҳоло Хадича арўс буд ва дар остони дунёи хеле ношинос меистод.
Он вақтҳо Акрам низ ҷавон буд, бистсола буд. Мисли дирўз... ё имрўз дар мактаби деҳа муаллимӣ мекард. Табиати мулоим дошт вай. Хадича ба ёд оварда наметавонад, ки дар тўли даҳ соли ҳамхонагӣ Акрам ягон маротиба ўро ранҷонда бошад. Рўзгорашон обод буд. Аммо як чиз зану шавҳарро азоб медод: бефарзандӣ! Онҳо аз ин хусус ба ҳамдигар гап намезаданд. Вале… ҳарчанд рўбарў ханданд, ҳазлу шўхӣ кунанд, ботинан мудом ғусса мехўрданд.
Акрам рўз то рўз рангашро бохта, беморнамо ва ҳатто дамдузд мешуд. Ва аз ин ҳоли ў машаққати Хадича торафт афзун мегардид. Вай ба фарзанд надидан худаш, фақат худашро гунаҳкор дониста, дар дил мегуфт, ки бигузор шавҳараш аз нав хонадор шавад, бахташро ёбад... Инро мегуфту агар танҳо бошад, зор-зор мегирист.
Баъде ки ҷанг ба охир расид – бачаҳо бе муаллим намонанд гуфта, Акрамро ба аскарӣ нагирифта буданд – ва мардум ҳам то андозае осуда гаштанд, Хадича дар як шаби тобистон, дар ҳолате ки аз гуп-гупи дили бадарди худ гўшаш гўё кар мешуд, кулли зўру тавонашро дар азоб ҷамъ оварда, ба шавҳар гуфт:
– Шумо ҳам акнун рўзатонро бинед. Ҷавон ҳастед, зан гиред. Аз дунё бефарзанд гузаштани мард нағз не...
То ки нагиряд, Хадича лаб ба зери дандон гузошта мехобид. Ва ў нагирист.
– Аҷаб… Лекин ту чӣ кор мекунӣ? – оҳ кашид Акрам пас аз хомўшии дуру дароз. – Куҷо меравӣ?
– Дунё кушод… ягон сарпаноҳ меёфтагистам. Шукри худо, холаам ҳаст...
– Не, ин тавр намешавад. Ту аз ин ҳавлӣ намебароӣ, ту дар ҳамин хона мемонӣ, – гуфт Акрам ва якбора аз ҷогаҳ хесту ҷомаашро сари китф партофта, ба торикии ҷониби кўча рафт.
Пагоҳаш, чоштгаҳ, вай аз поини боғ дувоздаҳ ҷўя току

пешина
аз 551
навбатӣ