Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳанўз, нопухтаӣ... аз макру фиреби як тоифа одамизод, аз пастиҳои вуҷуди он бехабарӣ; намедонӣ, ки вай дар талаби нафъи худ, барои тасаллои дили торики худ дар бисёр мавридҳо аз ягон разолат рўй наметобад.
– Дуруст, Халил миёнаҳол...
– Хайр?
– Аммо ба ту душманӣ дорад.
– Мо ба ҳамдигар душман нестем. Фақат ин ки вай камтар... кина мепарварад.
– Барои чӣ, албатта медонӣ?
– Медонам – барои хоҳарам. Ин ба худатон маълум...
– Ў на танҳо ба ту, балки ба ман ҳам кина дорад.
– Кина дошта бошад, ихтиёраш. Лекин, охир, кина дорам гуфта, ба чунин кўи ботил рафтан... Ман ҳайронам, – даме хомўш монд Анвар. – Оё вай фикр намекунад, ки инсон бояд баору номус бошад, қадру қиматашро паст назанад, дар байни мардум хандасор нашавад?
– Модом ки имрўз туро хору забун дида, ба васвасаи қасду ниқор печидааст, пас ў аз боди бурут... дар ин бора ҳаргиз фикр намекунад.
– Хайр, аз дилу нияташ ёбад, – гуфт Анвар, ки захми пояш беш аз пеш ба дард омада, ҳамвора азоб медод.
Юнус дигар лаб накушод.
Борон ҳеҷ аз дамаш намегашт. Оғил, бомаш беист чакида, пур аз рутубати дамгир мешуд. Ва ин газанд, болои сўхта намакоб, бўи хасу поруи кўҳнаро торафт ғализтар мекард.
Ба тани Анвар арақи сард ва часпак давида, нафас задан душвор меомад.
– Маълум, ки Шокир аз вазъи мо бехабар, – гуфт ў пас аз чанд дақиқа сукут.
Вале ба ин гапаш касе ҷавоб нагардонд.
– Агар мешунид, ки мо дар Нилу, ҳатман меомад, – гуфт боз Анвар. – Ҳеҷ илоҷ надошта бошад ҳам, меомад...
– Рост, – аз ҷои худ овоз баровард Каромат. – Ман ўро аз бачагӣ мешиносам. Марди яклухт аст.
– Ман ҳам хуб мешиносам. Лекин наомад; модом ки наомад, пас ҳоло аз сафар барнагаштааст.
– Кӣ медонад, шояд баргашта, ин дам дар қасди Нилу бошад, – гуфт хаёлманд Юнус.

пешина
аз 551
навбатӣ