МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Каримов ҳам дастони сермўяшро ба манаҳи гирдаш такя гузошта, сукут меварзид. Анвар ба вай рўбарў менишаст. Дар байни онҳо чароғи дигар месўхт. Бо вуҷуди ин хона чандон равшан набуд. Қадре сард ва дилгиркунанда метофт коргоҳи котиб дар он ғояти шаб.
Ниҳоят Амонов дар бораи тохтутози Иброҳимбек, аз дасти аскарони сурху фидоиён чӣ тавр ба танг омадани ҳомии ислом ва дар хусуси ба ин тарафҳо низ гузаштани баъзе одамони ў чанд сухан гуфта, аз нав хомўш монд. Акнун чеҳрааш андак кушода буд. Чашмони калон-калони вай дар зери абрувони сиёҳи ғафсаш равшан ва хеле зинда метофтанд.
Партави чароғ ба рўи сергўшташ афтида, онро ба назар боз ҳам сафедтар менамуд.
Сипас Амонов муддате ба Анвар нигариста, дар тамкин гуфт, ки ў аз ҳисоби камсамолони ҷангдида як дастаи мусаллаҳ тартиб дода, ҳар чи зудтар ба роҳ дарояд; дараи Оҳугузар то худи деҳаи Нилу дар ихтиёри онҳо... Ва Анвар, ки аз симои гарм ва суханони бадарди котиби райком изҳори эътимоду меҳри бародарона мехонд, субҳ надамида ба тараддуд даромад. Сардори милиса ҳам ба вай умедвор менигарист. Ҳатто ўро дар пеши Амонов таъриф карда, хушҳол гуфта буд, ки тираш бехато ба нишон мерасад.
Вале ин тавр нашуд. На тираш ба нишон расид, на дўстонаш ҷон ба саломат бурданд. Ҳама кор ба расвоӣ анҷомид, худаш акнун асиру ҳақир...
– Ака! – гуфт Анвар дар торикӣ.
– Гўшам ба ту, додарам, – овоз дод Юнус.
– Ягон воситаи халосӣ ҳаст?
– …
– Чаро хомўшед?
– Чӣ гўям, ки илоҷе намебинам. Оғил не ин, зиндон! Маҳсули дасти худи Усмон Азиз ё падари ў буданаш маълум...
На деворашро сўрох кардан мумкин, на аз бомаш раҳ меёбӣ.
Ақалан ягон каҷкорд ҳам надорем, ки...
Юнус лаб фурў баст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ