Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– ба сад дареғу надомат гаштаву баргашта аз дил мегузаронд Анвар. Вале ҷавоби возеҳ ёфта наметавонист, ки ў дар куҷо ва чӣ тавр ба ғалат, ба кўтоҳандешӣ ва оғози чунин фоҷиа раҳ дод. Таҷрибаи ҷанг надошт? Ё воқиан ҳам фиреб хўрда, беҳуда онҳоро ба таъқиб гирифт? Балки дар Дизак албатта Шокирро мунтазир шуда, аввал ба вай маслиҳат карда, пас рў ба Нилу овардан лозим буд?.. Лекин, охир, дар он ҷо кушоду равшан гуфтанд, ки раис дар сафар аст, кай омаданаш номаълум.
Бинобар ин Анвар, баъде ки дар идораи ҷамоат якпиёлаӣ чой нўшида, ба аспҳояшон кам-кам ҷав дода, сарулибоси худро дар назди оташ хушк карданд, баргаштани Шокирро дигар напоида, ба котиби ў, марди миёнсоли ланг, вазъиятро фаҳмонду ба дўстонаш аз нав саворӣ шуд.
Онҳо тахмин якуним фарсах паймуда, дар пеш нохост Усмон Азизу шариконашро диданд.
Сипас чӣ ҳодиса рух дод, маълум...
Агар вай Усмон Азизро сари вақт мешинохт, шояд то охир таъқиб намекард; шояд меандешид, ки ў ин ҷойҳоро хуб медонад, бесабаб аз роҳи калон берун ҷаста, ба сўи он авулгоҳи хилват асп тозонда нарафт; эҳтиёт шудан лозим... Не-е, вай ақалан гумон ҳам набурд, ки душман онҳоро фиреб дода, аз қафои худ ба ягон мавзеи мувофиқ кашида, баъд ҳадафи тир сохтан мехоҳад. Вай инро ҳатто ба гўшаи хаёлаш оварда наметавонист.
Акнун чӣ мешавад? Ҳаёти ў, хайр... дар сурате ки дўстонаш нобуд гардиданд, чандон қимат надорад. Аммо язнаашу Каромати муаллим... Пагоҳ Усмон Азиз ба инҳо чӣ кор карданист? Наход ба қатл расонад? Шармандагӣ! Бача будааст Анвар, беақл будааст, хом будааст – аз дасташ ҳеҷ чиз наомад. Ва ана, муфт мурда меравад. Сазои сараш…
Лекин, охир, инҳо низ ба касофати ў кушта мешаванд. Аз фарти аҳмақии ў...
Анвар, ки дар исканҷаи чунин андешаҳои шадид монда, дилу ҷигарашро мехўрд, боз Мирзовалӣ Амоновро ба ёд овард; қиёфаи сардори милисаи ноҳия Аваз Каримов низ дар пеши назараш падид омад.
Нисфи шаб буд. Онҳо хомўш менишастанд. Амонов, дар китф палтои нимдошт, папирос кашида, ба шишаи даҳуми як тарафаш каме сиёҳшудаи чароғи карасин, ки дар гўшаи чапи мизи худаш меистод, хаёлманд чашм медўхт.

пешина
аз 551
навбатӣ