МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Оби лой, хайр, маълум...
– Чӣ вай?
– Шояд имрўза аҳволамон.
– Шумо аз мулло Салим ҳам мегузаронед, – дар торикӣ беихтиёр лабханд кард Анвар.
– Рост мегўям. Дар хобат боз чӣ буд?
– Масалан, раъду барқ.
– Раъду барқ?
– Бале, дар осмони тоза, каб-кабуд соф...
– Таъбири инашро намедонам.
– Мумкин ягон воқиаи ғайри чашмдошт рўй диҳад, – гуфт аз як кунҷи оғил Каромат, ки савол-ҷавоби онҳоро шунида, дар болои хаси пўсида мехобид.
– Боз кадом воқиа рўй медиҳад? Ё ҳамин қадараш кифоя не? – гуфт Анвар дар банди алам.
– Кӣ медонад...
– Парво накун, додарам, хобат – хоби хеле нағз, – гашта ба сухан омад Юнус.
– Ман парво надорам. Даҳанялаҳо барин аз бекорӣ гуфтам. Дар омади гап…
Ба лабони парсинбастаи вай як табассуми талх дамид.
«Аз бекорӣ... Дар омади гап…» Аммо оқибати ин аҳволи онҳо ба чӣ меанҷомад? Хатои ў, Анвар, дар куҷост? Сабаб чист, ки ба чунин бало дучор шуд? Дигаронро ҳам гирифтор кард...
Кошкӣ як худи ҳамин мебуд. Рафиқонаш дар он авулгоҳи кўҳна нобуд гардиданд. Панҷ нафар дар муқобили се дайду... Лекин аз дасташон ҳеҷ чиз наомад.
Ҳатто Мурод барин марди ҷангдида, марде ки дар муҳорибаҳои сахти зидди Иброҳимбек иштирок карда, дар байни халқ чун сарбози далер, чун қаҳрамони ҳакиқӣ ном бароварда буд, низ кушта шуд. Саид чӣ? Ҳасану Санҷар чӣ? Ҳар чорашон ҳам ба қатл расиданд. Ятим монданд фарзандони онҳо! Бева монданд занҳояшон. Бадбахт будаанд падару модари дўстонаш... Марги онҳоро шунида, ба чӣ ҳол меафтанд? Бе писарони дилбанди худ, ки ҳар кадоме барояшон такягоҳ буд, нури чашму қуввати даст буд, соябони сар буд...
чӣ кор мекунанд? Аз кӣ мадад меҷўянд? Чаро Анвар ҳам тўъмаи тир нагардид? Барои чӣ рафиқонаш ду рўз боз дар канори хоки тангу вай ин хел зинда?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё