МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Барои Анвар, ки чанд сол инҷониб кулли умеду орзуҳои ширинашро танҳо ба мавҷуди ў мебандад; хаёлашро ба сар овардан замон дили кабобаш гум мезанад... Бале, барои Анвар; барои яккаву ягонааш, шабҳои бехобиаш, ситораи бахташ...
Вале имрўз ҳамин бахти вай дар зери хатар аст.
Охир, чӣ шуд ба Анвар? Чӣ тарз ў ба дасти он гургони беша афтид? Усмон Азиз ин тариқ ногаҳон аз куҷо пайдо шуд? Чаро раису Каромати муаллимро низ бандӣ кард? Вай чӣ мехоҳад?..
Таманно дар қайди чунин суолҳои беохир, ки мағзашро гаштаву баргашта фишор медоданд, пас аз муддате ба канори рўд расид ва ба ҳар ҷониб чашм андохта, боз поча барзад. Ва боз то зону дар об тар шуда, аммо ин дафъа нағалтида, оқибат ба гузаре даромад, ки он хеле нишеб рафта, ба дараи Оҳугузар мебурд.
Вай аввал як дам ба сўи деҳа нигарист ва чун дид, ки касе – на Ато, на Халил... наменамояд, зуд қадам бардошт.
Раҳ лой, пур аз сангу сангреза ва кўлмак буд. Кафи пои Таманно ҳар лаҳза озор меёфт. Бо вуҷуди ин ў алалэҳтиёт гоҳгоҳ ба қафо нигоҳ карда, дар ҷадал пеш мерафт; мерафту ба сад дареғу надомат ба худ мегуфт, ки оё хуб набуд, ҷонсарак то дашти Пойгаҳҷо натохта, зиёда аз ним рўзашро ба бод надода, он аҳволро дидан баробар рў ба Дизак орад. Агар ҳамин тавр мекард, шояд акаи Юнус гирифтор намешуд. Ва эҳтимол вай, Таманно, дар Дизак раиси ҷамоатро сари вақт ёфта, инак ба Нилу бармегашт. Акаи Шокир дар ихтиёраш одами бисёр дорад – Дизак деҳаи калон... Ў ҳатман ба ёрии Анвар мешитофт. Яқин дигаронро ҳам наҷот медод.
Беақлӣ кард Таманно, беҳуда ба гапи Раҷаб-бобо даромада, аз паи Юнус ба Пойгаҳҷо рафт. Якбора ба ин тараф омадан лозим буд. Охир, айнан босмачӣ барин онҳо, аз босмачӣ ҳам бадтар. Пас ҳар ноинсофӣ аз дасташон меояд. Дар вақташ ба падари ў чӣ карданд!.. Шаш сол мешавад ба он фоҷиаи пурдаҳшат. Вале Таманно то имрўз… тифоқо ҳамон шаби охири баҳоронро ба ёд орад, аз ваҳшоният ва бераҳмии одамизод лол монда, дар танаш раъша медавад.
Акнун низ ба вай айни ҳамин ҳолат рух дод. Ва ў андешид, ки чӣ тавр, ба чӣ дастур, бе ҳеҷ сабаб омада, як касро куштан мумкин бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё