МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳамин гуна одам акаи Юнус. Таманно дар ин хусус ҳарфе назада бошад ҳам, филҳол вазъиятро фаҳмида, ўро ҷавоб дод.
Раҳмдил, бекина ва хоксор аст акаи Юнус...
Таманно ҳама тобу тавонашро истифода бурда, бо вуҷуди он ки сахт лакот шуда буд, ба ҷандала раҳ мепаймуд.
Вай боз чандин талу теппа ва ду-се қитъа замини суп-сурх тобаи бегиёҳро гузашта, ниҳоят ба сари дашти Пойгаҳҷо расид, ки он танҳо ба номаш дашт буд. Дар асл як ҳамвории калон... ба ҳар ҷониб тахмин ним фарсах ё бештар тўл кашида, дар чор тараф ба талу кўҳталҳои баъзе сабзу баъзеи дигараш сангин дакка мехўрад. Ҳама вусъаташ ҳамин. Вале онро дашт гуфтаанд. Албатта... дар шароити кўҳистон, ки ҳар қитъаи киштбоб баҳисоб аст, чунин ҳамворӣ аз дашт камтар нест. Васеъ, дилкаш, рўзирасон...
Нисф зиёди Пойгаҳҷо шудгор шуда буд. Онро деҳқонон аз боло ҷуфт карда мерафтанд.
Таманно, дар даст кафшҳояш, аз байни шудгор калавида-калавида, рў ба одамон овард, ки се-чор ҷуфт барзагавро пеш андохта, ҳар ҷо-ҳар ҷо замин меронданд.
Пас аз чанд дақиқаи тўлонӣ вай ниҳоят ба қўшхона расид ва ба Юнуси раис, ки ўро аз дур дида, ҳайрон ба сўяш меомад, чашм ба чашм шуд. Ва ба раис фурсати даҳон кушодан надода, нафасаш гирифта-гирифта, ҳама гапро гуфту бемадор дар замин нишаст; сар ба зонувон гузошта, аввал оҳиста, баъд ҳунг-ҳунг гирист.
Дар ин муддат дигарон низ барзагавҳоро ба ихтиёри худ монда, дар қўшхона гирд омаданд.
Касе ба Таманно дар як косаи чўбин об дод, дуюмӣ ўро дилбардорӣ кард... Духтар ором шуд. Ва дар атроф чунон сукунате барқарор гардид, ки ангор аз тарси он зоғҳои сатҳи шудгор филфавр ба ҳаво хестанд. Сипас:
– Меравем, – гуфт Юнус ва ҳафт нафарро дар сари замин гузошта, ба ў ва ду деҳқони нисбатан ҷавонтар зуд ба роҳ даромад.
Таманно акнун савори маркаб мерафт. Дигарон пиёда...
Онҳо дар ҷадал қадам мезаданд; ҳама дар таҳлука буданд.
Баъди ягон соат ба рўи осмон абрҳои сиёҳ дамида, раъду барқ шуду борон борид, шохборон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё