МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ашк бештар гулўгираш карда:
– Хуб, – гуфт Таманно ва то даме ки Халилу Ато дар пушти хамгашти дигар аз назар ғоиб шуданд, дуру дароз ба сўи онҳо чашм дўхт. Маҳзун буд нигоҳаш, ниқорталаб буд.
– Ту аз паси ин ду мурдор нагард, духтарам, фоида надорад, – гуфт боз Раҷаб-бобо ба овози хаста. – Инҳо дидбонӣ рафтанд. Аз тарсу ваҳм канори деҳаро поида мешинанд, ки ягон кас баромада, ба ҳукумати шўро хабар нарасонад. Ё нохост шербачаҳои мо пайдо шуда, хокашонро набезанд. Ту мўл гиря накуну... агар тавонӣ, ҳоло зуд ба Пойгаҳҷо рафта, Юнуси раисро ёфта биё.
Таманно дубора:
– Хуб, – гуфт ва нўки сарандозро ба чашмонаш бурда, даршаст қафо гашт.
Худи ҳамон лаҳза ба гўшаш аз нав овози мўйсафед расид, ки хаёлманд мегуфт:
– Илоҳӣ ҳазрати Хизр нигаҳбон гардад!
Вай дар дил аз Раҷаб-бобо миннатдор шуда, роҳашро шитобон давом дод. Ва қариб сад қадам пас ба се писарбачаи маъсум вохўрд, ки аз ҳавлии Усмон Азиз меомаданд. Сархам ва ғамгин буданд бачаҳо. Таманно пурсид, ки дар он ҷо чӣ гап. Бачаҳо сухани ҳамдигарро бурида, ба оҳанги тараҳҳум гуфтанд:
– Ду мардаки камондор муаллим ва писари Соро-холаро дар оғил андохта, дасту пояшонро баста, аз болояшон қуфл заданд.
Ҳатто яке аз онҳо ҳик-ҳиқ гирист.
– Муаллим гуфт, ки шумо натарсед. Имрўз дарс намешавад, рафта ба ҷўраҳоятон хабар расонед. Лекин ман метарсам, дилам мекафад... Рўи муаллим афгор буд, куртааш дарида. Акаи Анвар ҳам... вай мелангид.
Таманно сари ўро сила кард.
– Рост гуфтааст муаллим: натарсед, пагоҳ боз дарс мехонед. Натарсед... ҳоло зуд хона ба хона равед.
Баъде ки онҳо дур шуданд, Таманно бештар ба доми азоб афтид. Ва ногаҳон ба вай чунин хоҳише даст дод, ки худи ҳозир зада ба ҳавлии Усмон Азиз дарояду ўро тунд аз ришаш гирифта, сар деҳ Анварро гўяд, Кароматро ҳам сар деҳ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё