Хуросон аст ин ҷо

Дар байни падидаҳои олии даҳои инсон чизҳое ҳастанд, ки барои кўдак, барои қобилияти фикрӣ ва зарфияти завқу зебоипазирии ў ҳаргиз бори гарон нахоҳанд буд ва ба ҳар ҳоле дар шаклгирии шахсияти вай ба муддати дуру дарозе, ҳатто тамоми умр нақши муассир хоҳанд дошт. Сухани Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз ва Бедил аз ҷумлаи чунин падидаҳои даҳои инсон аст ва таҷрибаи омўзгорони мактаби кўҳнаи тоҷикӣ ба субут расонид, ки шеърият ва ҳунари воло ҳатто дар ҳолате ки гоҳ чандон мафҳум нест, барои рушди фикру ҳисси кўдак ва шахсияти одамӣ ба ғоят судманд аст.
Ин аст, ки гузаштагони мо вазафаи мактабро тамоман хилофи фаҳмиши имрўзаи мо муайян кардаанд. Мо имрўз ҳатто дар мактаби ибтидоӣ мекўшем, ки ба кўдак ҳарчи бештар дониш диҳем, кўдак дар бораи табиату ҷомеа ва сиёсати руз, дар бораи кору истеҳсол бештар тасаввуроти мушаххас пайдо кунад. Аммо гузаштагони мо баръакс рафтор кардаанд. Онҳо дониш омўхтанро вазифаи мактаби ибтидоӣ надонистаанд. Онҳо дар назди мактаби ибтидоӣ ду вазифа гузоштаанд, ки яке вазифаи ҷузъӣ ва дигаре вазифаи куллии бузургест. Вазифаи аввал савод баровардан буда, вазифаи сонӣ ва асосӣ омода сохтани таҳкурсии маънавияти шахс ва ҷомеа мебошад. Вазифаи дувум чунон бузург ва душвор аст, ки нисбат ба кўдак ва мактаби ибтидоӣ пеш гузоштани он аз рўи фаҳмишҳои имрўзаи мо касро ба ҳайрат меорад ва коре ношуданӣ менамояд. Аммо мактаби кўҳна чунин вазифае ба ўҳда гирифта, барои иҷрои он роҳи аҷибе дарёфт карда буд, ки аз кўдакӣ ҳифз кунонидани чанд девон шеъри олист. Илми омўзгории имрўз чунин тарзи таълим - такя бар ҳифзи қориёнаи матнро бештар эътироф надорад, мактаби шўравӣ онро ба куллӣ рад карда буд. Ва ҳол он ки мактабдорони мо исбот кардаанд, ки ин тарз ҳам басо муфид метавонад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё