Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пеш аз аҳди шўравӣ, пеш аз инқилоботи болшавикии солҳои 1917-1920, инчунин дар солҳои аввали инқилоб дар Варорўд шеъ маҳбубияти ҳамагонӣ дошт. Хурду калон, хушсаводу бесавод шеър медонистанд. Мардуми мо шоиртабиат буданд ва мо дар душвортарин давраҳои таърих шоир бисёр доштем.
Аз ҳамин шоиртабитаӣ ва маънавиятгаройӣ буд, ки «Чор китоб»-и Аттор, «Гулистон»-и Саъдӣ, девони Ҳофиз, мунтахаби девони Бедил дар мактаби тоҷикии чанд сад сол китоби дарсӣ буд.
Шеъри олӣ гўё бо шири модар ба хуни кўдак меомехт. Шогирдон аз осори бузургтарин бузургон савод мебароварданд, забон меомўхтанд, фасоҳати сухан ва меънирасӣ ёд мегирифтанд. Аз баски мактабиён хеле бисёр шеър аз ёд мекарданд, аз нахуст ҳофизаи онҳо мустаҳкам мешуд ва ин ёди тавоно ҳама умр дар зиндагӣ ба кор меомад ва бо меҳри рўзафзуни шеър имконе фароҳам меовард, ки бисёре аз шогирдон ратфа-рафта ба андўхтаҳои маънавии асрҳо, ки дар шеъри он бузургон ва бузургони дигар гирд омадааст, даст биёбанд. Шеър аз аввал раҳнамои шахс ба сўйи ганҷианаи забон, ба сўйи фарҳанг ва маънавият буд.
Меҳри китоб, меҳри шсър аз он сабаб он қадар пурзўр будааст, ки мардум ба зиндагӣ, ба гузашта, ба таърих муносибати диққаткорона доштаанд. Дар китоб, дар шеър, хусусан дар шеъри ҳикматомез маънои рўйдодҳои зиндагӣ баён шудааст, таҷрибаи чандин насли мардумони гузашта ва ҳақиқати ҳаёт тамаркуз ёфта, хулосатан ҷамъбаст шудааст, моҳияти замонҳо ба сурати бадеъии назаррабо ба ҷилва омадааст. Шахсе, ки дар зиндагии одии рўзмарра ҳар лаҳза ба шеър рў меорад, гўё аз таҷрибаи гузаштагон ва ҳикмати асрҳо меъёри баҳо меҷўяд, аз ақлу заковати падарону бобоён раҳнамоӣ мехоҳад, ба рўйдодҳои ҳаррўза – хоҳ хурданд, хоҳ калон, нигоҳи таърихӣ меандозад.

пешина
аз 351
навбатӣ