Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яке аз ин падидаҳо тафаккури китобист. Шариф Шукуров ва муаллифи ин сатрҳо дар бораи тафаккури китобии мардуми тоҷик чандин бор андеша баён кардаем ва ҳоло боз лозим аст, ки ин хусусияти олами маънавии халқи худро андаке ба риштаи андеша бигирем.
Ба ин муносибат лозим ба таъкид аст, ки хусусан дар марказҳои фарҳанг - шаҳрҳои бузург ва ҳавзаи нуфузи онҳо китоб ба зиндагии мардум сар дароварда, ҳамаи ҳастии онҳоро фаро гирифта буд. Зисту маишат, урфу одат, ишастухез, муомила, одобу услуб аз рўи китоб, аз рўи андарзномаю ахлоқномаҳои сершумор ва рисолаҳои гуногун сурат мегирифт. Китоб чизи муқаддас буд, сухани китобӣ эътибори куллӣ дошт ва дар одитарин мавриди зиндагӣ ҳам аз рўи тавсияи китоб амал мекарданд. Забон ифодаи тафаккур аст ва он ҷо ки сухани китобӣ бартарӣ дошт, гуфтору навиштор ба ҳам наздик омада, забони адабӣ ва забони меъёр ба гуфтугўи бесаводон ҳам таъсир мегузошт. Тарзи тафаккур ва баён дар баъзе соҳаҳои зиндагӣ чунон буд, ки миёни навиштору гуфтор фарқи калон намонда буд.
Ин гап чунин маънӣ дорад, ки чун китоб дар тўли асрҳо дар зисту маишат нуфузи тамом дошт, рафта-рафта дар ҷомеа як тарзи андеша густариш ёфт, ки сохтори он аз шакли китобии баёни таҷрибаи фарҳангӣ ҳосил шудааст ва ба пояи баланди моҳиятҷўии маънавӣ расидааст. Дар натиҷа маънидоди мардумии ҳодисаҳои ҳаррўза, ки аз таҷрибаи иҷтимоъӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ хулоса мебароварданд, қадам ба қадам амиқ рафта ва шаклҳои ҷилодоре пайдо карда, ба анъанаҳои китобии ҷамъбасти фалсафии андеша наздик омад. Бинишу фаҳмиш ва баёну маънидод китобӣ шуд, андеша ранги китобӣ гирифт. Китоб ки садҳо сол дар ҷомеа нуфуз дошт, гўё ҳама зиндагӣ ба ҳукми он сар фуровард. Он тарзҳои фикру андеша, ки дар китобҳои бонуфуз ташаккул ёфта буд, ба шаклҳои фикру андешаи аҳли ҷомеа нақши назаррасе гузошт.

пешина
аз 351
навбатӣ