Хуросон аст ин ҷо

Дар натиҷа чи дар зоҳир ва чи дар ботин фарқи тоҷику ўзбек кам шуд ва гоҳ монандӣ то он дараҷа расид, ки онҳоро танҳо аз рўи забон тафовут метавон дод.
Агарчи аз садаи сездаҳ, яъне аз замони истилои муғул то садаи бист дар Мовароуннаҳр баъзе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, чунончи Хоразм, чанд шаҳри Фарғона, баъзе ноҳияҳои Сурхондарёву Қашқадарё аз қаламрави забони форсӣ берун шуданд, минтақаи фарҳанги эронӣ чандон кам нашуд, зеро аввалан дар ҳамаи ин шаҳру ноҳияҳо ё атрофи онҳо забони форсии тоҷикӣ ҳанўз ҳаст, на аз Фаргона, на аз Тошканду Ҷизах (Дизак) ё Сурхондарё ва ё Қашқадарё (Кешдарё) тамоман нест нашудааст, сониян фарҳанги эронӣ дар ҳамаи ноҳияҳои туркиятпазирӣ лоақал ба шакли фарҳанги муштараки туркиву тоҷикӣ вуҷуд дорад. Ин аст, ки қариб тамоми Мовароуннаҳр имрўз низ ҳавзаи фарҳанги эронии тоҷикист. Осори онро дар ҳар қадам мебинем. Ноҳияе нест, ки забони тоҷикӣ мавҷуд набошад. Ҳамин ҳолатро дар Афғонистон низ метавон дид.
Бино бар ин бояд гуфт, ки қаламрави фарҳанги эронии тоҷикӣ дар қарни бист низ ҳамон аст, ки ҳазор сол пеш аз ин, дар аҳди оли Сомон буд, ҳамон Хуросони Бузург аст. Дар зарфи ин ҳазор сол шумораи қавмҳои турк меафзуд, баъди қарни ҳафтдаҳ, шумораи тоҷикони туркиятпазируфта кам-кам зиёд мегардид, таносуби ададии турку тоҷик дар баъзе ноҳияҳо оҳиста-оҳиста дигар мешуд, вале нуфузи фарҳанги эронӣ ва доираи амали он кам нашуд, ҳамчунон густариш дошт. Ба вежа дар садаҳои охир турку тоҷик дар ин сарзамин аз як ҳавои фарҳангӣ нафас мекашид.
Аз он чи гуфта шуд, хулосаи дигар ҳамон аст, ки дар боло ишора шуда буд: Тоҷикон ва узбекон ду халқи бародаранд, агарчи ба ду хонадони халқҳо тааллуқ доранд, метавон гуфт, ки
ширпайванд ҳастанд ва дар бисёр мавридҳо бо шири як зан, як доя парвариш ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё