Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ин таъкид мегўем, ки дар вақташ устод Айнӣ мехост фарқи форсии Мовароуннаҳр ва форсии дигар вилоятҳоро фаромўш накунем. Устод медонист, ки ин фарқ чандон бузург нест ва ночиз аст, вале ба ҳар ҳол мавҷудияти онро таъкид мекард. Муҳим аст фаромўш накунем, ки як вақтҳо форсии дарӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон аз форсии дигар вилоятҳо тафовут дошт ва чанд асри охир баъзе фарқҳои дигар ба миён омад. Азбаски ин фарқҳо аз осмон бересмон нафуромадаанд ва пайдоиши онҳо сабабҳои ҷиддии таърихӣ дорад, онҳоро сазовори ҳурмат бояд донист, кўшиш бояд кард, ки вежагиҳои форсии тоҷикии Мовароуннаҳр аз байн нараванд.
Афсўс ки бисёре аз имрўза хомаронҳои тоҷик мехоҳанд ҳар чи зудтар миёни форсии Тоҷикистон ва Эрону Афгонистон фарқе намонад. Ин хоҳиш ба сари форсии тоҷикӣ хавфи калон овардааст, зеро аз эҳтимол дур нест, ки худвежагиҳои форсии Мовароуннаҳр, яъне боқимондаҳои форсии дариро суст кунад ва ё аз миён барад.
Дар мавриди забон омўхтани мо аз форсии Эрону Афғонистон ин гуна масъалаҳо бисёр пеш меояд ва дар ҳалли ҳамаи онҳо пажўҳиши илмӣ ва табъи салим бояд раҳнамои мо бошад. Як соҳаи муҳимми ин кор истилоҳоти илмӣ ва ҳамгун сохтани он аст, ки низ диққати махсус металабад.
Мо бояд ҳатман аз бародарони ҳамхуни кишварҳои ҳамсоя забони модарии худро омўзем. Ба ин омўзиш эҳтиёҷи махсус дорем.
Дар тўли асрҳои зиёд, ки форсии Хуросону Мовароуннаҳр намунаи ибрат буд, ҳама форсигуён аз мо забон меомўхтанд. Он гоҳ мо ҳам аз форсии дигар ноҳияҳо баҳра мебурдем, лекин имрўз лозим омадааст, ки мо аз мардуми дигар минтақаҳо бештар форсӣ омўзем.
Осиё ба навбат аст. Имрўз навбати мо расидааст. Бояд дар навбатдорӣ кўтоҳӣ накунем.

пешина
аз 351
навбатӣ