Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале аввалан ин ифодагарӣ нишонаи иртиҷоъият нест, зеро буржуазияи навзоди миллӣ дар Осиёи Миёнаи мустамлика нақши мусбати таърихӣ ҳам дошт. Сониян, чунонки дар боло омад, бозҷустҳои фалсафии арзишҳои баланди башарӣ аз муҳимтарин фазилатҳое дар фаъолияти ҷадидон, ба хусус маорифпарварони тоҷик буда, ба пешрафти маънавии шахсияти инсон ва ҷомеа, ташаккули идеалҳои иҷтимоъӣ, ки поя бар таҷрибаи чандин асри таърихи миллат ва робитаҳои тозаи байналмилалии вай, бар дастовардҳои фарҳанги русӣ ва ғарбӣ дорад, мусоидат мекард.
Ин ҳам бояд таъкид шавад, ки бозҷустҳои амиқрави фалсафӣ ва иҷтимоъиву ахлоқии баъзе маорифпарварон хусусан Аҳмади Дониш ва Абдуррауфи Фитрат дар заминаи менталитети худвежаи тоҷикон, дар асоси махсусиятҳои зеҳни онҳо реша давондааст, аз анъанаҳои устувори фарҳангии Хуросони бузург - Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв ва ғайра, ки аз қадим минтақаи маънавияти олӣ буда, Зардушту Авасто, эҳёи Эрони даврони оли Сомон, забони форсии дарӣ ва адабиёти бузурги форсиву тоҷикиро ба дунё дода буд, ғизо гирифтааст. Муҳимтарин хусусияти зеҳнии мардуми тоҷиқ маънавиятҷуӣ буд. Маорифпарварони охири садаи 19 ва оғози садаи 20 аз он сарчашмаҳои маънавӣ сероб гардида, қувват ва илҳом гирифта, барои навсозии маънавии кишвар ва эҳёи миллии тозае замина омода месохтанд.
Мероси равшангарон имрўз - дар садаи бисту як бештар аз ҳама бо он ҷустуҷўйҳои фалсафӣ, ки мақсуд аз онҳо заминае барои бозсозии маънавӣ ҳозир кардан буд, арзиши баланд дорад. Имрўз барои мо муҳим он аст, ки омили маънавии рушди ҷомеа дар назари барҷастатарин маорифпарварон бештар аҳамият пайдо кардааст. Бисёре аз онҳо огоҳона ё бидуни огоҳӣ моҳиятан зарурати амали якҷояву баробари омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавиро дар назар доштаанд. Онҳо аз як сў масъалаҳои иқтисоди Бухоро ва Туркистонро гарму ҷўшон мавриди баҳс қарор дода, баъзеҳо манфиати истеҳсолгари хурдро ва баъзеҳо манфиати сармоядори калонро ҳимоя кардаанд ва нашрияҳои ҷадидон ҳама мураккабию печидагии масъалаҳои истеҳсолот, тиҷорат, воридоту содирот ва ғайраро дар худ инъикос додааст.

пешина
аз 351
навбатӣ