Хуросон аст ин ҷо

Ин ҷо «давлат» ба маънои дороиву сарват, бахту саодат, ҳукмронӣ ва кишвару кишвардорист. Ҳамаи ин маъниҳои «давлат»
бо ақл алоқаманд аст. Ақлу хирад бо ҳама риштаҳои фаъолияти инсон, ҷомеа ва давлат робита дорад. Аз ин рў такмили ақли инсон аз вазифаҳои давлат аст. Чун Фитрат гуфтааст, ки «одамӣ ақли фитрии худро… дар сояи қавоиди илмия ва асосоти таҷриба тавсеъ ва тазйин намуда соҳиби ақли касбӣ мегардад»1, ин кор на танҳо як вазифаи хусусӣ, балки вазифаи иҷтимоъист.
Масъалаи ақл аз он сабаб аҳамияти ҷудогона пайдо кард, ки маорифпарварон аз зимомдорони замон беандешагиву беақлӣ бисёр диданд. Аҳмади Дониш пас аз овардани чандин мисол таъкид намуд, ки «бе мудохилати ақлу арбоби ақл дар давлат осудагӣ ва роҳат ҷустан муҳол бувад»2. Аз ин рў яке аз талаботи асосии маорифпарварон аз аҳли ҳукумату мансаб ин буд, ки аз илму дониш пур баҳра бардошта, аз одаму олам, аз кори дунёву охират огоҳӣ дошта бошанд, то ки ақлу фаросаташон тез шавад. Равшангарон бовар доштанд, ки илму дониш ва таҷриба асоси ақл аст.
Аз тарафи дигар маорифпарварон ақлро ба тақлиди маҳз ва анъанагароии кўр-кўрона муқобил гузоштаанд, мустақилона мувофиқи тақозои замон ва аз рўи ақли худ ҳукм баровардан ва амал карданро талаб намудаанд. Гузориши масъалаи ақл дар равшангарии тоҷикӣ наздик ба таълимоти Ҷамолиддини Афғонӣ (1838-1897) ва Муҳаммади Абдўҳ (1849-1905) аст, ки тақлиду карахтфикриро маҳкум карда, дар ислоҳи ислом мулоҳизаронии мустақилона ва иҷтиҳодро зарур донистаанд.
Ақл ва илм аз диди Фитрат муҳимтарин нишонаҳои замон аст.
Фитрат ягонагии ҷанбаи маънавӣ ва ҷанбаи ахлоқиро таъкид мекунад. Ахлоқ моҳиятан амри маънавист ва ҳатман бояд ба
1 Фитрат. ҳамон асар, саҳ. 30.
2 Аҳмади Дониш. Рисола, саҳ. 24.
дараҷаи маънавият бирасад, ҳар мафҳуми иҷтимоъии ахлоқӣ бояд маънои баланди маънавӣ дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё