Хуросон аст ин ҷо

Муқаддимаи ин рисола «Ҳаёт ва ғояи ҳаёт» ном гирифтааст, ки ин ҷо «ғоя» ба маънои мақсади аслӣ омадааст. Аз ҳамин муқаддима сар карда мафҳумҳое чун «сирри хилқати башар», «мақсади ҳаёт», «вазифаи инсония» ва ғайра, чанд гурўҳи мафҳумҳо монанди а) «вазоифи нафсия», «вазоифи оилия», «вазоифи навъия ё инсония», б) «фазоили нафсия», «фаризаи ахлоқӣ», в) «мавҷудияти шахсия», «мавҷудияти навъия», г) «ухуввати миллия», «ухуввати диния», «ухувати умумияи башария» (ки ин ҷо «ухувват» бародарӣ маънӣ дорад) ва дигарҳо, ки ҳама мафҳумҳои фалсафӣ ва оид ба фалсафаи ахлоқанд, як-як маънидод шудаанд. Муаллиф бо ин мафҳумҳо масъалаҳои ахлоқро аз сатҳи фарду шахс то сатҳи умуми миллат ва умуми башар дар бар гирифтааст. Вай ба масъалаҳои хонавода (оила), вазифаҳои хонаводагӣ, тарбияи хонаводагӣ, аз ҷумла тарбияи фикрӣ ва ахлоқӣ, сифатҳои тарбияи ақлӣ: «исобат» - дурустии андеша, «истиқомат» - устувории андеша, «суръат» - тезии фикр ва ғайра муфассал таваққуф намудааст. Дар бораи сифатҳои инсон: шуҷоат, карам, бухл, наҷд (мардонагӣ), субот, ҳилм, иффат, сидқ, ҳамагӣ 28 сифати инсон ва тарбияи он сухан рондааст.
Аз номбари мафҳумҳое, ки мавриди баррасӣ гардидааст, метавон пай бурд, ки муаллиф масъалаҳои назарию амалии маънавияту ахлоқ, гоқ-гоҳе ҳатто таърихи баррасии онҳоро густурда фаро гирифтааст. Мақсади ў устувор кардани пояҳои одамият дар ҳастии инсон ва ҷомеа буда, инсонияти инсонро бедор кардан, қувват додан ва фаъол намудан мехоҳад.
Вай бо мантиқи андешаҳои худ хонандаро бовар ҳосил мекунонад, ки соҳиби сифатҳои инсонӣ шудан, ин сифатҳоро дар худ ва дигарон парвариш додан осон нест ва ҷаҳду ҷадал мехоҳад, вале зарур аст. Дар айни замон аз диди Фитрат тарбиятдидагӣ ва таҳсилдидагӣ ҳамбастаи якдигаранд, тарбият ва хуштарбиятӣ бидуни илму дониш даст намедиҳад. Ў дар нахустин асари насрии
худ «Мунозира» (1911) гуфта буд: «Ҳар беилм бетарбият аст»1.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё