Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Масъалаи растагорӣ масъалаи асосии замон буд, ки дар он ҳар равшанфикре ба таври худ ба андеша рафт. Ҷадидон дар ин ҷўяндагӣ гоҳ ба ҳам наздик меомаданд ва гоҳе аз ҳам дур рафта, хилофи якдигар фикр меронданд. Вале ҳама бозҷустро ба сифати мардони фарҳангӣ ва маърифатпарвару тараққихоҳ давом медоданд.
Аз ҷумла Аҷзӣ, ки аз равшангарони Самарқанд, яъне қаламрави Русия буд, илоҷи воқиаро боз ин тавр тасаввур кардааст:

Ҳалокат мекунад ин чархи гардун,
1
Нахонӣ илми шаръу фанну қонун

Ин чо мақсад аз «қонун» қонунҳои Русия аст, ки донистани онҳо барои муҳофизати худ, барои ҳақталабӣ ва ҳақрўёнӣ зарур буд. «Фан» ба маънои техника омадааст, ки омухтани онро зарур медонистанд.
Ин аст, ки Аҷзӣ ин бор барои раҳоӣ ёфтан аз нобудии миллӣ се чиз – омўзиши шаръи шариф, илму фанни аврупоӣ ва қонунҳои Русияро зарур донистааст, яъне ба ақидаи ў як кардани асаоҳои маънавии исломӣ ва аврупоии зиндагӣ зарур аст.
Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ низ чунин ақида дошта, аз ҷумла зарурати иштирок дар органҳои қонунгузории Русия, чунончи дар Думаи давлатиро таъкид карда буд. Ҳама ҷадидон фаро гирифтани донишҳои замон, фан (техника), илми саноату кишоварзӣ, ривоҷ додани бозаргонӣ ва монанди инҳоро лозим донистаанд.
Биниши баъзе равшангарон боз ҳам амиқтар рафта, ба решаҳои маънавии ҳастӣ расид.
Ба фаҳми камина, дар натиҷаи бозҷустҳои Фитрат яке аз ҷиддитарин посухҳои пурсиши «чӣ бояд кард?» ва «сабаби наҷот

1 Сиддиқии Аҷзӣ. Миръоти ибрат. – Тифлис, 1331-1913, саҳ. 19
кадом аст?»

пешина
аз 351
навбатӣ