Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яъне ин муаллим на танҳо сахтгири гузаро буд, балки ноодам ҳам буд. Баъд аз ин Мирзо нафаси чуқуре кашиду бо як ҳаракати аҷиби дастҳову ангуштон, ки хоси ӯ буд, аз ҷо бархост.
Маълум буд, ки ӯ ба хашм омадааст. Вақте ӯ бархост, муаллим фикр кард, ки Мирзо ба қасди таҳдид мехезад. Каме курсиашро ақиб карду гуфт:
– Агар мезанӣ, бизан!
Қиёфаи Мирзо, бо ришу мӯи дароз каме ҳаросафкан буд, вале ин замон осори хашм ҳам дар чеҳрааш пайдо шуда буд.
– Агар ҳатто бизанӣ, ман ба ҳамин бачча баҳо намемонам!

  • қарори муаллим қатъӣ буд.
    Мирзо қоматашро рост карду тарафи муаллим нигоҳ кард ва ангушти ишораташро сӯи ӯ теғ карда гуфт:
    – Э, тура худо бизана! Агар ба касе, ки модарта наҷот додай, ёрдам накада бошӣ, тура худо бизана!

МАҲАЛГАРОӢ

о мардуми тоҷик дар замони пеш аз Шӯравӣ ҳам аҳли Мяк миллат набудаем, бештар аҳли маҳал будаем. Аз мушоҳидаҳои навишташуда дида мешавад, ки дар аморати Бухоро ва хонигариҳои дигари минтақа одамон худашонро бухорӣ, самарқандӣ, фарғонӣ, хуҷандӣ ва ғайра муаррифӣ мекардаанд.
То вақте ки ҳукумат дар дасти сулолаҳои ғайритоҷик буд, ин маҳалпарастӣ таъсири чандоне дар ҷомеа надоштааст. Вале ба маҳзи ба масъулият расидан, намояндагони маҳалли ба қудрат расида, доди маҳалгароиро додаанд. Мутаассифона, ин падидаи манфур ба ҳадде дар ҷомеа ҷой афтодааст, ки ҷузъи афкори умум шуда, ҳатто зиёиёну нухбагон низ ба он мубтало гаштаанд.
Дӯст доштани зодгоҳ ва маҳалли зисти худ амри табиист ва ҳеч бадие надорад, ба шарте, ки кас нисбат ба минтақаҳои

пешина
аз 253
навбатӣ