Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
аст, ки онро шаҳрисозӣ меноманд. Паҳн кардани ин фар ҳанг ба тадриҷ бо омадурафти шаҳрвандон аз деҳ ба шаҳр ва баръакс амалӣ мегардад. Вале чун дар бист соли охир ба Душанбе омадан ҳасту баргаштан нест ва яку якбора теъ доди омадагон хеле бештар аз бошандагони шаҳр буд, ра ванди деҳотисозӣ ба ҷои шаҳрисозӣ ба амал омад.
Ба эътиқоди банда, решаи ин ҳама зиштӣ бархўрди ин ду фарҳанг аст, ва роҳи ҳалли ин мушкил рўшангароӣ ва маъ ри фатноккунонии ҷомеа аст, то дар дуртарин деҳотамон низ «шаҳрнишинон» тарбия бишаванд.
Ин ёддоштро ман соле қабл навишта будам ва ба наздикӣ аса ри нависандаи портуғолӣ – Жосе Сарамаго – «Кӯрӣ»-ро хондам. Хулосаи ӯ чунин аст: «Фикр намекунам, ки мо кӯр шудем, бал ки кӯр будем ва кӯр мондем. Кӯроне, ки мебинанд. Кӯроне, ки мебинанд, вале намебинанд». Ӯ инсониятро «кӯр» меҳисобад ва ба «бино шудан» даъват мекунад. Хондани ин асари боарзишро ба хонандаи азиз тавсия менамоям.
МОҶАРОИ ПИСАРХОЛА
аъзе устодони донишгоҳ дар замони Шӯравӣ хеле сахт-
Бгир буданд. Ба фарқ аз имрӯз, баҳои донишомӯзро фақат
дар асоси донишаш мемонданд. Ришваву фасод қариб вуҷуд надошт. Як рӯз як писархолаам, ки дар Донишгоҳи политехникӣ
мехонд, ба ман муроҷиат кард, ки мусоидат бикунам, то аз
донишгоҳ хориҷ нашавад. Моҷаро аз қавли ӯ ин буд, ки устоде
ба ӯ қасд ги рифтаву мехоҳад ӯро аз донишгоҳ хориҷ кунад. Мегуфт, он муаллим ҳамшаҳрии дӯсти наздики ман – Мирзо асту
ҳатман гапи Мирзоро дар замин намемонад. Таваллову зорӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё