Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мегиранд. Фазои тарс мутаассифона, ошкорбаёниро монеъ ме шавад ва набудани расонаҳои мустақил расонидани мат лаб­ ҳои мутахассисон ба ҷомеаро душвор мегардонад ва тавозун халалдор шуда, афкори иҷтимоӣ дуруст шакл намегирад, даст корӣ (манипулятсия) мешавад ва манфиатҳои миллиро ҳимоят намекунад.
Аз он ҷо ки давлатмардон низ шаҳрвандони ин кишваранд ва дар ниҳоят аз ҳимояи манфиатҳои воқеии миллӣ ман­ фиат доранд, бояд озодии баёнро таъмин намоянд, фишору таъ қиб барои баёни андеша канор гузошта шавад ва аз кор шиносон ҳимоят кунанд. Фишор рўи расонаҳои мустақил ҳамон халоро дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд меорад, ки аз он душманони миллат ҳатман сўистифода хоҳанд кард.
Вақ те муколама байни ҷомеа ва давлат дуруст ба роҳ монда нашуда бошад, сўтафоҳумҳо пайдо мешаванд ва ба тадриҷ ваҳдати миллӣ халалдор мешавад.
Дар асри интернет дигар роҳи банду фишор муассир нест, зеро ҳар нафаре, ки телефони ҳамроҳ дорад, аксбардор ҳам дорад ва ба сомонаҳои баста низ аз тариқи филтршиканҳо дастрасӣ дорад.
Аз сўи дигар, фаъолони ҷомеа мебояд ба тақдири фардои миллати худ бетараф набошанд ва матлабҳои худро, пеш аз ҳама, бо дарки масъулият бинависанд. Теъдоди зиёди зиё иёни мо дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, ки низ бояд саҳми худро дар ташаккули афкор дар соҳаи худ бигузоранд, зеро ба гуфтаи шоири зиндаёдамон Мастон Шералӣ:

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст!

пешина
аз 253
навбатӣ