Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
қуд ратхоҳӣ дар муқобили мардумсолорӣ аст ва дар он таъ мини некўаҳволии шаҳрванд меҳвар ҳисоб намешавад. Ба ҷои он, ки манфиати ҳамаи мардум дар маҷмўъ манфиати мил лиро ташкил диҳад, манфиатҳои давлатро ба манфиатҳои шаҳрванд муқобил мегузорем, дар ҳоле, ки манфиати дав латию миллии мо дар марҳалаи кунунӣ чизе ҷуз таъмини амнияти ин марзу бум ва некўаҳволии ҳар шаҳрванд нест!
Ин аст, ки афкори иҷтимоии ҷомеа ниёз ба баррасӣ ва мулоҳиза дорад. Ба ҳамин далел, меҳвари мавзўъи мо бар расии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули афкори умумӣ ва нақши расонаҳои мустақил дар он аст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоди иҷтимоии хос аст, ки бо вуҷуди он ки аз лиҳози сохтор мураккаб ва фаъолияташ низ хеле печида аст, рисолаташ дифоъ аз манфиатҳои миллӣ мебошад.
Ҷомеаи дорои афкори умумии қавӣ аксари таҳдидҳо ба амни ят ва рушди кишварро хунсо мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иттиҳодияҳои синфӣ, анҷуманҳои касбӣ ва ҳизбу эътилофҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад, ки ҳар кадом манфиатҳои худ ро доранд ва дар маҷмўъ манфиатҳои миллиро ташкил ме диҳанд. Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандии мардумсолор дар кишварҳои шўравии собиқ фақат дар ҷамоҳири соҳили Балтик ташаккулёфта буда, дар боқии онҳо вуҷуд надошт.
Солҳои охир дар ташаккули он Гурҷистон ва Укроин низ саҳм гирифтанианд.
Зиёиён қишри махсуси ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, аз тариқи расонаҳо бо ҷомеа дар иртиботи доимианд, манфиатҳои мил лиро мушаххас мекунанд ва афкори умумии ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, рўзноманигорон, иқтисоддонон, олимон, рўҳониён, раҳбарони иттиҳодияву эъти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё