Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Дар Душанбе ҳам қатлу куштор идома дошт. Додситони кулли ҷумҳурӣ дар террор кушта шуд, ки мегуфтанд ин кори ҷангиёни исломӣ аст. Ин ҷангиён баъд аз ғасби кохи раё сати ҷумҳурӣ, ба бинои Шӯрои олӣ ҳамла карда, вакилони Шӯрои олиро гаравгон гирифта, ба Раиси ҷумҳур Набиев, ки ба қисми низомии рус дар маркази шаҳри Душанбе паноҳ бур да буд, шарт гузоштанд, ки истеъфо диҳад. Ӯ розӣ нашуд ва онҳо як гаравгонро кушта, боқиро баъд аз ду рӯзи шиканҷаву бад рафторӣ озод карданд. Намояндагони миллатҳои дигар аз ин бесару сомониҳо ва хушунат тарсида, аз кишвар рахт мебастанд.
Ин ҷангҳои рӯёрӯй дар тӯли камтар аз шаш моҳ 15-20 ҳазор кушта ба ҷой гузошт. Мутаассифона, дар байни тарафҳо хун уфтод, ки кина ва қасоси он солҳои сол кишварро ба хун кашид. Ин бадбахтие, ки ба сари мардуми мо омад, ҳеч фарди дил сӯзи ин кишварро бетафовут нагузошт. Ман ҳам ҳамеша фикр мекардам, ки чаро ин қисмати талх насиби мо гашт ва чи тавр бояд пешгирӣ кард, то чунин мусибат такрор нашавад.
Мулоҳизаҳоямро дар ин бобат, дар ёддошти кӯтоҳе чанд сол пеш навишта будам, ки дар расонаҳо чоп шуда буд. Он ёддоштро бо каме таҳрир ин ҷо меорам.
АФКОРИ УМУМӢ
к масъалае, ки муддатест зеҳнамро машғул медо
Ярад, сабабҳо ва омилҳои ба вуқўъ пайвастани ҷанги
до хилии солҳои 90ум дар кишварамон мебошад. Доим ин
рўйдоди нангин ва касофатборро, ки то имрўз оқибатҳои
ман фиашро эҳсос мекунем, бо воқеаҳои ҳамсон, ки дар дигар
ҷум ҳуриҳои Шўравии собиқ рух доданд, муқоиса мекунам ва
аз худ мепурсам, ки чаро дигарон тавонистанд дар вақташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё